Рӯзи дидор бо Президент-эълони иди 81-ум дар Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тағйири қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» 20-уми мартро расман Рӯзи фарҳанг эълон кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, тағийроти мазкур охири ҳафтаи гузашта қабул гардид. Манбаъ афзуд, ки Рӯзи фарҳанг дар Тоҷикистон ҳамасола бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад: “Интихоби ин сана ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо зиёиён рабт дорад, ки ҳамасола дар арафаи Наврӯз доир мегардад. Дар ин рӯз дари биною кохҳои бузурги фарҳангӣ ба рӯи мардум боз мешавад”.
Парлумони Тоҷикистон ҳадафи иди навро- ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҷомеа арзёбӣ кард.
Рӯзи фарҳанг 81-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |