Коммунистони Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатии ҳизбашон раиси нави ин ташкилоти сиёсиро интихоб карданд.
38-умин анҷумани ҳизби коммунисти Тоҷикистон 22 апрел дар зодрӯзи Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ баргузор шуд ва дар он танҳо масъалаи интихоби раиси нав баррасӣ шуд. Ҳамаи вакилон ба ҷонибдорӣ аз полковники мустаъфӣ Мироҷ Абдуллоев раъй доданд.
Ҷаноби Абдуллоев то як моҳи қабл дар бахши минтақавии ҳизби коммунист дар минтақаи Кӯлоб фаъолият мекард.
Раиси пешини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Акс аз Анҷумани пешини ҲКТ, "Азия Плюс"
Мӯҳр