Ӯ гуфтааст, 20-уми январи соли равон, дар роҳи бозгашт аз кор афроде бо либоси мулкӣ аз ӯ санад хостаанд. Муҳоҷири тоҷик, ки тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро барои иқомату кор дар Маскав доштааст, аз ин нафарони ношинос шаҳодатномаи хидматӣ талаб кардааст. Дар натиҷа ӯро “чурка”-гӯён таҳқир намуда, бидуни ягон асос боздошт кардаанд ва ба идораи пулиси ноҳияи Дорогомилов бурдаанд.
Раҳимов мегӯяд, 4 рӯз дар ҳабс бидуни ғизо нигоҳдорӣ шуд: “Тамоми ҳуҷҷатҳо, патенту қайд ва дигарро доштам. Баъдан шарт гузоштанд, ки ҳуҷҷатҳоро имзо кунам ва ғизою телефон хоҳанд дод, аммо рад кардам ва боз мавриди латукӯб қарор гирифтам”.