22 соли зиндон барои табарзанӣ ба сари падару модарандар
Додгоҳи Олии Тоҷикистон Назаров Ш, ҷавони 22-солаи тоҷикро барои қатли модарандару маҷруҳсозии падараш ба 22 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки ин ҷиноят аз сӯи Назаров 5-уми январи соли равон дар ҳолати мастӣ содир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, шаби 5 январ Назаров бо падараш муноқиша карда, бо якчанд зарби табар ӯро маҷруҳ кардааст. Ӯ модарандарашро низ, ки ҳамон лаҳза тасодуфан рӯбаруяш омадааст, бо табар ду зарба зада ба қатл расондааст.
Додгоҳи Олӣ Назаровро бар асоси моддаҳои моддаҳои 32 қ. 3 - 104 қ. 1 ва 104 қ. 2 банди «п» -и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор дониста, 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |