Президент: Шаҳрдори хуб соати 5-и ҳар субҳ шаҳрро давр мезанад
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон шарҳ дод, ки шаҳрдори хуб пеш аз омадани Президент бояд чӣ кор кунад.
Назарбоев охири ҳафтаи гузашта зимни баррасии омодагиҳо ба намоишгоҳи EXPO-2017 гуфт, “шаҳрдори хуб бояд соати 5-и субҳ хезад, шаҳрро ҳамроҳи муовинҳо чарх занад ва ба кор омада гӯяд, “пеш аз омадани Президент ҳама ҷоро шӯед, рӯбед ва сафед кунед”.
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, минбаъд ҳар саҳар шаҳрро давр мезанад ва баъд ба ҷои кор хоҳад омад: “Ин ба ҳамаи шаҳрдорҳо ва роҳбарони марказҳои вилоятҳо дахл дорад. Шаҳрдор бо шаҳрро соҳибӣ кунад, онро дӯст дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |