Корвони ёриҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Кувайт ба зарардидаҳои ВМКБ ба роҳ баромад (АКС)
Субҳи имрӯз, 22 апрел 9 боркаши “КамАЗ”-и ҳомили маводи ғизоӣ ва ҷиҳози мавриди ниёз аз Душанбе ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба ҳаракат даромад.
Аз ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, ин кумакҳои башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт буда, барои оилаҳои аз заминларзаи рӯзи 7 декабри соли 2015 зарардидаи Бадахшон нигаронида шудааст. Ба иттилои манбаъ ҳар “КамАЗ” 15 тонна бор дорад ва дар маҷмӯъ ин кумакҳо барои 900 оила дар назар аст.
“Расмиёти расонидан ва тақсимоти ин кумакҳо ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ мутобиқи Созишномаи ҳамкории ба имзорасида байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Қувейт аз 21 феврали соли 2017 ба роҳ монда шуда, аз се марҳила иборат мебошад. Марҳилаи ниҳоии он 20 майи соли 2017 бо иштироки бевоситаи намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт ба анҷом расонида мешавад”,-афзуд манбаъ .
Маблағи умумии ин кумакҳо 500 000 долларро ташкил намуда, ба ҳар оилаи зарардида 50 кг орд, 3 литр равған, 5 кг биринҷ, 5 кг шакар, 5 кг макарон, 5кг лубиё ва ангишт, оташдон (печка), кампал, бистар, болишт, таҷҳизоти сохтмонӣ, бастаи гигиенӣ, маводи ошхонаро дар бар мегиорад: “Тақсимоти ин кумакҳо аз ҷониби ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои дахлдори он амалӣ карда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |