Бахшҳо

25 рӯз. Муҳлати Кумитаи андоз барои насби ПОС терминалҳо...

Кумитаи андози Тоҷикистон ба 301 муассисаи савдо ва хизматрасонӣ 25 рӯз муҳлат додааст, то ПОС терминалҳои электронӣ насб намоянд. Ин муҳлат дар пайи санҷиши як гуруҳи кории иборат аз кормандони андоз ва Бонки миллӣ ироа шудааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ ҳадафи ин гуруҳи кориро “пешбурд ва назорати татбиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон” дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ унвон кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳ аз 31 марти соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сохторҳоеро, ки бояд бо терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз гарданд, мавриди санҷиш қарор додаанд: “Аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 359 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуд. Аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 58 онҳо ПОС–теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор доранд”.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ меафзояд, намояндаҳои гуруҳи корӣ бо раҳбарон ва кормандони муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, дар онҳо ПОС–терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нашудааст, суҳбат намуда, зарурати насби ин дастгоҳҳоро фаҳмондаанд: “Ба 301 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар мӯҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Ҳамарӯза ба маълумоти ташкилотҳои қарзие, ки бо барориш ва хизматрасонии кортҳои пардохтӣ машғул мебошанд, рӯйхати муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки ба онҳо огоҳинома дода шудааст, тавассути почтаи электронӣ ирсол карда мешавад”.

Манбаъ мегӯяд, терминалҳои электронӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар асоси шартнома аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб мешавад: “Қайд кардан бомаврид аст, ки афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтӣ ва истифодаи оммавии онҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ шаффофияти ҷараёнҳои молиявиро таъмин намуда, ба афзудани воридшавии андозҳо мусоидат менамояд ва яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Моҳи июли соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор дастур дода буд, аз якуми январи соли 2017 дар кишвар тамоми шароит барои роҳандозии пардохтҳо тариқи кортҳои бонкӣ фароҳам шуда, тамоми сохторҳо бояд терминалҳои электронӣ насб намоянд. Он вақт аз дафтари матбуоти Бонки миллӣ ба “Озодагон” гуфта буданд, аз ҷумла, марказҳои савдои чакана ва яклухт, ки толори фурӯшашон зиёда аз 40 метри мураббаъ мебошанд, НФС-ҳо, тарабхонаҳо, беморхонаҳои хусусӣ, дорухонаҳо, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо, нуқтаҳои қабули маблағҳо аз аҳолӣ барои пардохти хизматрасонии манзилию коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, марказҳои хизматрасонии бонкии пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, терминалҳои гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ барои қабули пардохтҳои гумрукӣ, нуқтаҳои хизматрасонии ташхиси техникии воситаҳои нақлиёт, автодромҳо ва ташкилотҳои суғурта уҳдадор шудаанд, барои пардохти арзиши молу хизматрасониҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ шароитро таъмин намоянд.

Манбаъ мегӯяд, бар пояи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои саркашӣ аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо муҷозот пешбинӣ шудааст: “Аз ҷумла ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.

Дар ҳамин ҳол ба омори ахири Бонки миллии Тоҷикистон, шумораи умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 апрели соли 2017, "бештар аз 1 666,0 ҳазор ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 639,1 ҳазор нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардид".
Мӯҳр
Зафар КУРБОНОВ-ЮРИСТ
ПЕШНИХОД: ТАМОМИ МУОМИЛА ДАР ФУРУШГОХХО, МАРКАЗХОИ ТИЧОРАТИ, ХАРИДИ САНОАТИ САБУК. ВАЗНИН ВА ГАЙРА ТАРИКИ ГАЙРИНАКЛИ ТАВАССУТИ ПОСТ ТЕРМИНАЛХО ВА Ё ТЕРМИНАЛХОИ ХАЗИНАВИ ЧОРИ КАРДА ШАВАД. МИСЛИ РОССИЯ ДАР СУРАТИ МУОМИЛАИ ГАЙРИНАКДИ ХОЛХО-БАЛ БА МУОМИЛАКУНАНДА ГУЗАРОНИДА ШАВАД (МИСОЛ СБЕРБАНКИ РОССИЯ) ВА ХАР БАЛЕ Е ХОЛЕ 1 СОМОНИ АРЗИШРО ТАШКИЛ КУНАД. БОВАР КУНЕД ДИГАР ПУЛИ НАКД ХАМ БА МАРДУМ ДАРКОР НАМЕШАВАД ВА ХАМА ЧИ ТАРИКИ ГАЙРИНАКДИ СУРАТ МЕГИРАД

Салом халк пул надора чи мачбур мекнен нвгоянтона бо терминалотон

Салом
Салом ба шумо кормандони бонки милли бисёр икдоми хуб аммо хубтар мешуд масалаи пулхои даридаги ба забони бонки ветхиро медидед бовар барои мо як давлати пешрафта аиб аст пулхои даридаги махсусан 1 сомона .

ООО Авицена
Мо хам мондем, афсус ки мардум бо корт меоянду корташон пул надорад вале махсулот хариданианд, чи кор кунем чанобон?.Инаша фикр карден?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)