Бахшҳо

Оё муҳити сазоворе барои боло бурдани зиракии сиёсӣ дорем?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Баъди расонаӣ шудани хабари марги полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги ДИИШ ва Шермаҳмад Сафаров, раҳбари тоҷикони ДИИШ, ки ҳамчун “Шери Язғулом” маъуф буд, масъалаи суботу амният ва сатҳи огаҳиҳои мардум бештар доғ мешавад.

Яке аз шиорҳои рӯз дар Тоҷикистони муосир ин аст, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳарчанд, ин як шиор аст, вале як фикри дуруст низ ҳаст. Зеро дар ҷаҳони муосир, ки дорои мафкура, идеология ва ғояҳои солиму носолими бисёре мебошад, ҳифзи фикри миллӣ, тафаккури сиҳати инфиродӣ ва миллат аз масъалаҳои меҳварӣ барои таъмини суботу амният аст. Вале чистии масъала ба ин суол гиреҳ мехурад, ки оё мо муҳите сазоворе барои боло бурдани зиракии сиёсӣ дорем?

Ба хотири нагаравидани мардум, хусусан қишри ҷавон ба андешаву ақоиди ифротагароёна ва таҳдидгар ба амнияту суботи миллии мо аз як сӯй сахт зарур аст, ки як миқдор назорати ҳукумат вуҷуд дошта бошад. Вале аз сӯйи дигар заруртар аст, ки дар ин назорат ва қолаббандиҳои рушд ва такомули фикру назари миллӣ халал набинад ва бояд ин кор бисёр омӯхташудаву огоҳона сурат бигирад. Зеро агар дар кӯтоҳмуддат барои пешгирӣ аз гаравишҳо мусоидат намояд, дар дарозмуддат метавонад ба маҳдуд ва қолабӣ шудани тафаккури миллӣ сабаб шавад.

Дар шароите ки Тоҷикистон оппозисюни расмиву қонунии дохилӣ надорад, матбуоти сиёсии таъсиргузор дар чаҳорчӯбаҳои идеологиву назоратӣ нигаҳдорӣ мешаванд, дар марказҳои илмиву таълимию тадқиқотӣ, назири Академияи улум, донишкадаву донишгоҳҳо маҳофили баҳсии фаъол тақрибан вуҷуд надоранд ва дар дигар ниҳодҳои фикриву ҷомеаи шаҳрвандӣ андешакадаҳои фикриро таъсис намедиҳанд, магар имконпазир ҳаст, ки зиракии сиёсӣ баланд шавад?!

Дар олами муосир яке аз роҳҳои муассири баланд бурдани сатҳи огаҳиҳои сиёсии шаҳрвандон расонаҳо, аз ҷумла телевизион мебошад. Аммо телевизионҳои Тоҷикистон бо барномаҳои идеологиву нақшавии қолабиашон таъсири заъифе дар огоҳиҳои сиёсии мардум доранд. Дар шароите ки асоситарин абзорҳои боло бурдани шуури сиёсӣ аз пеши мардум гирифта шудааст, бар асоси чӣ мантиқе мешавад аз онҳо зиракии сиёсӣ талаб кард? Дар ин гуна халаъи фикриву ақидатӣ гаравиши ҷавонони кишвар ба андешаву гуруҳҳои тундраву ифротгаро осонтар мешавад. Ҳамин гуна муҳитҳо боис мешаванд, ки имрӯз, бадбахтона тоҷикон мақоми аввали маргталабони гуруҳи хунимардумхори ДИИШ-ро соҳиб шаванд.

Чанд сол пеш низ “тарроҳҳони ислоҳи низоми маорифи кишвар” будани соатҳои дарсии зиёди фанҳои гумманитариро дар барномаҳои макотиби миёнаву олӣ нозарур шуморидаву ба ихтисори он даст заданд. Дар фосилаи хеле кӯтоҳ ин иштибоҳи онҳо “самара ба бор овард” ва насли мактабиву донишгоҳии кишвар ба суроғи гуруҳу ниҳодҳое рафтанд, то холигоҳи фикриву ақидатии худро ҷуброн кунанд. Ҳарчанд ин иштибоҳи “ислоҳотгарони маориф” шиносоӣ шуду соатҳои дарсҳои фунуни инсониро дубора барқарор карданд, вале хисороти ин “ислоҳот” ҷуброннопазир шуд.

Ҳоло корҳои дигаре, ки анҷом дода мешаванд ва сабаби аз нигоҳи фикрӣ рушд наёфтани шаҳрвандон мегарданд, ба масобаи ҳамин кори “ислоҳотгарони маориф” аст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ зиракии сиёсӣ ё огоҳиҳои сиёсии ҷавонон танҳо бар пояи андешакадаҳои фикрӣ, майдонҳои баҳсӣ ва озодии баён боло бурда шудааст на аз роҳи насиҳат. Зеро насиҳат дар баробари ин ҳама василаҳои муқтадири таблиғотиву мағзшӯйии дунёи муосир нокоро мебошад. Алома Айнӣ ҳам дар асараш “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” таъкид мекунад, то замоне ки асари “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Донишро нахонда буд, дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо нашуд. Айнӣ таъкид мекунад, ки аз барномаҳои шахшудаву қолабии мадрасаҳои Бухоро дилбазан шуда буд ва зери таъсири маҳфилҳои баҳсии адабиву сиёсӣ ва мутолааи матбуот ба инқилоби фикрӣ расид ва сатҳи огаҳиҳояшро боло бурд. Ва ин гуна таъсиротро дар такомули шахсиятии устод Айнӣ ҳамаи мо ба мушоҳида гирифтаем, ки то чӣ андоза асаргузор буданд ва Айниро аз як муллобачаи даҳякхури базмгарди даврони ҳукумати манғитҳо ба як фаъоли иҷтимоиву муборизи милливу қаҳрамонми миллат табдил доданд.

Мисли сарнавишти Айнӣ мо метавонем садҳо мисоли дигар бизанем, аммо барои дучархае, ки як бор ихтироъ шудааст назарияи дигаре бофтан кори беҳуда аст. Танҳо таъкид мекунем, ки дар фазои бунбасти фикрӣ рушд додани зиракии сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи огаҳиҳои мардум мушкил ва ҳатто номумкин аст. Мо ҳатман ниёзманди коркардҳо ва роҳбурдҳое ҳастам, ки ҳам аз гаравишҳо пешгирӣ кунем ва ҳам фикри миллиро ҳифз намоем.
Мӯҳр
ррасо
Фанхои фалсафа ва сиёсатро дар тамоми зинахои тахсилот бо соатхои бештар ва барномахои мутобик ба замон илова бояд кард
Институти идеологияи миллиро таъсис бояд дод

Ардеша
Иршоди кироми, метарсам ин.чизхои гуфтаатонро касе дар болохо дарк намекунад.

беном
Офарин ба Шумо мухтарам Иршод Сулаймони. Мефахрам ки чунин олиме имруз дар сафи олимони миллати бузурги мо саф оростаан. Худованд хифзатон кунад

Мутаассифона ҷомеаҳои диктотурӣ ва роҳбарони яккатоз огаҳии мардум ва дониши сиёсиро бо тарзи худ мефаҳманд. Барои баъзе роҳбарон ҷомеа, бахусус ҷавонон, ҳар қадар бесаводу карахт бошанд, ҳамон қадар хуб аст. Ҷомеаи ноогоҳи карахт барои "рушди" режимҳои истибдодӣ заминаи бисёр "босамар" аст. Бибинед, мо одат кардаем, ки ҳар як коргари давлатӣ болои мо амир аст, онҳо, аз милиса то муаллими мактаб ба мо таҳдид мекунад. Мо ба сурати автоматӣ дар руҳияи тарсувӣ ва бардагӣ зиста истодаем. Барои аз бунбасти фикрӣ ва огаҳии сиёсӣ расидан ҷомеа бояд бакуллӣ озод бошад, бахусус соҳаи маориф.

Ба ррасо! Фикри хуб кардаед: Фанхои фалсафа ва сиёсатро дар тамоми зинахои тахсилот бо соатхои бештар ва барномахои мутобик ба замон илова бояд кард. Институти идеологияи миллиро таъсис бояд дод. Аммо ин имконро шахсоне, ки идеологияи берунаро чори карданианд, кабул намекунанд.

Чавоб ба сарлавха, ки аввалин фикрро дар сарам овард.
Барои чавонон, ки тамоми имкониятхо фарохам оварда шудааст ва ё нашудааст, махз он кадар барои зиракии сиёсиро боло бурдан шароит фарохам меорад, ки гуфтан надорад. Ба шарте донишашонро таквия диханд. Дар амалия дар зиддият он инкишоф меёбад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)