Эълони ҳукми се муттаҳам дар қатли сарбоз Эҳсон Элчибеков
Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбоз ва ду афсарро дар қатли Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870–и Вазорати дифои Тоҷикистон муҷрим шинохт.
Бо ҳукми додрас Наҷмиддин Лоиқзода сарбоз Сайёдҷон Асоев бар пояи моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 12,5 сол равонаи зиндон шуд. Ду афсари дигар Саидмуҳаммад Саъдулоев ва Изатулло Аҳмадов тибқи моддаи 392 қисми 1, як солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Эҳсон Элчибекови 19-сола рӯзи 16 феврали соли равон дар қисми низомии 06870, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба таври мармуз даргузашт ва ҷасади ӯро ба волидонаш, ки дар деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд, 21 феврал супурда шуд. Баъди шикояти наздикони Элчибеков барои таҳқиқи марги ӯ комиссияи вижа таъсис шуд. Масъулини ин комиссия ба пайвандони сарбоз гуфтаанд, вай дар натиҷаи муноқиша бо ҳамхидмати худ бӯғӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |