Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ аз кушта шудани ду зодаи Осиёи Миёна дар пайи як амалиёт хабар дод. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятӣ навиштанд, ки онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. ФСБ ин ду нафарро дар ҳамдастӣ дар ҳамлаҳои террористӣ муттаҳам медонад ва эълон кард, дар ҷараёни амалиёти боздошт ба кормандони амният муқовимат нишон додаанд. Ному насаби ин ду нафар эълон нашудааст, аммо сину соли онҳо 26 ва 30 гуфта мешавад: “Онҳо ба омода кардани маводи тарканда майл дошта, барои содир кардани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Русия омодагӣ мегирифтаанд”.
Баъди ҳамлаи хунин дар метрои Санкт-Петербург дар рӯзи 3 апрел мақомоти Русия аз боздошти чанд зодаи Осиёи Миёна, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон хабар доданд.