Бахшҳо

Аз баргузории тӯю маъракаҳои вилояти Суғд ба буҷаи маҳаллӣ беш аз 348 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид

Дар 11 моҳи соли равон аз ҷониби комиссияҳои доимии вилоятии шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баргузории тӯю маросимҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Ашт, Зафаробод, Айнӣ ва Панҷакент 46 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.


Гуфтанист, нисбати гунаҳкорон дар ин маворид қарорҳои суд ба тасвиб расидаанд.

 

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон 118 тӯйхонаҳои дар қаламрави вилоят амалкунанда ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 348 271 сомонӣ ва 269 нафар сарояндагон, наворбардорон, навозандагону раққосон ба маблағи 286 814 сомонӣ андоз супоридаанд: «Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби нозироти андоз барои қонуншиканӣ дар фаъолияти тӯйхонаҳо 29 протокол тартиб дода, нисбати онҳо ба маблағи 9 780 сомонӣ ҷарима андохта шуд».

Бояд гуфт, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 17 390 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 7 166 хатнасур, 6 426 маъракаи чил,  3 162 маросими сол, дар маҷмӯъ 34 144 маъракаҳо баргузор гардидаанд. Ҳамзамон, дар ин давра 102 сар чорвои калон, 14 029 сар чорвои хурд забҳ гардидааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)