Бахшҳо

Пурсиш: Оё хабари маҷаллаи "Таймс" охирин иттилои марги Гулмурод Ҳалимов аст?

Нашрияи “Таймс” 15 апрел бо такя ба мақомоти низомии Ироқ хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Тоҷикистон дар ғарби Мавсил – охирин пойгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқ ҳалок шудааст. Дар гузашта ҳам чанд бор хабари захм бардоштан ё ҳалокати Ҳалимов нашр шуда буд. ОЁ ХАБАРИ МАҶАЛЛАИ "ТАЙМС" ОХИРИН ИТТИЛОИ МАРГИ ГУЛМУРОД ҲАЛИМОВ АСТ?


Саъди ВОРИСОВ, таҳлилгари масоили динӣ
Ба назари ман далелҳои кофӣ барои мутмаин шудан аз дурустии ин хабар вуҷуд надоранд. Нашрияи "Таймс" бо такя ба як манбаъи низомии ироқӣ ин хабарро нашр кардааст. То ҳол ҳич далели мувассақи видеоӣ ё ҳатто аксу суратӣ аз марги Ҳалимов нашр нашудааст. Биноан ин хабарро намешавад охирин иттилоъ дар масъалаи марги Гулмурод Ҳалимов қаламдод кард.

Меҳр СОБИРИЁН, таҳлилгари Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири АУ ҶТ
Албатта на ҳама хабарҳои расонаҳо дар мавриди нобудсозии саркардагони ДИИШ нодуруст будаанд. Худи маҷруҳ шудани Гулмурод Ҳалимов баёнгари ин аст. Ҳамлаҳои ҳавоӣ баъди ба даст овардани маълумот аз ҷосусони заминӣ ва аз тайёраҳои бесарнишин амалӣ карда мешаванд. Ин маълумотҳо то дараҷае дақиқ ҳам бошанд, аммо хато буданашон ҳам аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, агар намурда бошад дер ё зуд худро нишон медиҳад ва агар мурда бошад дер ё зуд марги ӯ тасдиқ мешавад. Вақт нишон медиҳад. Ба ҳар ҳол ин полковники хиёнаткор ба он ҷо мурданӣ рафтааст ва дер ё зуд мо аз марги ӯ бохабар мешавем. Маълум аст, ки дар ҳама ҷанг ҳуҷумҳои равонӣ ҳам сурат мегиранд ва агар ин хабари “Таймс” дурӯғ бошад, пас мақсад аз паҳнсозии чунин хабарҳо шикастани руҳияи душман мебошад. Хабари марг ё дастгир шудани фармондеҳон ба аскарон таъсири манфӣ расонда, руҳияи ҷангии лашкари душманро паст мекунад. Чунин ҳуҷумҳои равонӣ дар зиёд нишон додани шумораи талафоти молӣ ва ҷонии душман ҳам дида мешавад.

Диловар ВАЛИЗОДА, муҳоҷири меҳнатӣ
Кушта шуда бошад, бисёр хуб шудааст, хас каму ҷахон пок, лекин ба фикри ман ин хабар чандон ҳақиқат надорад, дурӯғ аст. Ин Гулмурод рӯзе чун аждаҳое, ки сарашро гирӣ боз сар мебарорад, видеое дар Ютюб гузошта, аз зинда буданаш хабар медиҳад ва ин масъала боз аз нав сар мешавад. То мурдаашро нишон надиҳанд, бо ин гапҳо бовар намекунем.

Умарҷони ЭМОМАЛӢ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ
Дар мавриди кушта шуданаш мо низ маълумоти дақиқ надорем, ин хабарро аз расонаҳо фаҳмидем ва ҳоло кор карда истодаем. Чун қаблан ҳам чанд маротиба чунин овозаҳо шуда буд, бино бар ин дар хусуси то чӣ андоза эътимоднок будан ё набудани ин хабар феълан чизе гуфта намешавад.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ, коршинос
Ман ба хабари нашрияи “Таймс” бовар надорам. Чанд бор аст ки хабарҳои зидунақиз дар мавриди кушта шудани Гулмурод Ҳалимов пахш мешаванд, ки баъдан тасдиқи худро намеёбанд. Ба назари ман ин ҷо Амрико бояд як нафари дигареро ба ҷои Бин Лодан ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад ва ҳоло интихоб сари Гулмурод Ҳалимов қарор гирифтааст. Шояд шумо иттилоъ дошта бошед, ки ду моҳ қабл аз ҳамла ба Амрико дар рӯзи 11 сентябри соли 2001 намояндаи “СРУ” бо Бин Лодан дар як шифохонаи низомии қатарӣ вохӯрӣ карда буд. Баъди ин мулоқот Бин Лодан роҳбари тамоми арабҳо дар Афғонистон ва Ҷумъабойи Намангонӣ, роҳбари гуруҳҳои Осиёи Миёна интихоб ва таъин шуда буданд.

Ирфон СОБИРӢ, пажуҳишгари тоҷики муқими Аврупо
Агар иштибоҳ накунам, ин даъфаи савум аст, ки ба мо хабари марги Ҳалимовро мерасонанд. Шумо бубинед, то он ки ин хабарро ба мо бирасонанд аз Ҳалимов чеҳрасозиҳои гуногуне шуд. Аввалан Амрико барои хабар додан дар мавриди макони будубошаш 3 милион доллар ҷоиза ваъда кард. Баъди чанд рӯзи ин ҷоиза ӯро расонаҳо вазири ҷанги ДИИШ эълон намуданд. Баъдан боз ҳама расонаҳои хориҷӣ аз Ҳалимов ба унвони яке аз “муҳраҳои муқовимат”-и ДИИШ низ ном бурда, гуфтанд, охирин муборизаҳои ДИИШ-ро Ҳалимов гардонандагӣ мекунад. Бояд андеша кард, ки ин “куштану зинда гардонидани Ҳалимов баъд аз миронидан” ба нафъи кист? Агар ӯро куштанд, чаро аксҳоеро аз ӯ дар расонаҳо интишор надоданд? Чаро расонаҳо ва ё кишварҳои қудратманд бо нашри аксҳои ӯ дунёро қаноат надоданд, ки Ҳалимов кушта шуд. Хулоса бояд иттилоъ бисёр дақиқ бошад, ки фиребу гӯли ахборпароканиҳоро нахурем.

Иззат АМОН, вакили мудофеъ дар Русия
Гумон накунам, зеро қаблан ҳам аз ин хабарҳо дар расонаҳо зиёд пахш гашта буд. Фикр мекунам, расонаҳо гоҳ-гоҳ ин қабил хабарҳоро барои боло бурдани рейтинги худашон пахш мекунанд. Дар акси ҳол кушта шудан ва ё зинда будани полковники мустаъфӣ ба касе муҳим нест. Мусаллам аст, ки ӯ имруз ё фардо кушта мешавад, шояд ҳам аллакай кушта шуда бошад. Бо ин тариқ гумон мекунам, расонаҳо мехоҳанд обу рӯйи Тоҷикистонро низ поин биёранд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)