ВКД: Як мушти сокини масти ноҳияи А.Ҷомӣ сабаби ҳалокати сокини пойтахт шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 44- солаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иттиҳоми куштори як сокини пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда 18 апрели соли равон, тахминан соатҳои 22 ба 23:00-и шаб, дар назди тарабхонаи “Коинот”, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳолати мастӣ бо марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, карда, ба қисмати рӯи ӯ як мушт мезанад: “Дар пайи зарба, ҷабрдида бо сараш ба санги бетонӣ зада, аз ҷароҳати бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Вазорат мегӯяд, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |