Тамдиди муҳлати тағйири шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои муҳоҷирон дар Русия
Ба муҳоҷирони корие, ки дар Русия ронандагӣ мекунанд, иҷозат дода шуд боз як соли дигар бо шаҳодатномаҳои миллии худ фаъолият намоянд.
Дар Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст, раванди ба шаҳодатномаҳои русӣ иваз намудани шаҳодатномаҳои милли муҳоҷирон то 1 июни соли 2018 тамдид карда шавад. Муаллифони пешниҳод гуфтаанд, ин кор бо далели мавҷуд наюудани имкони фаннӣ барои тағйири оммавии шаҳодатномаҳои хориҷиён зарур аст. Ин бори аввал нест, ки муҳлати иваз намудани шаҳодатномаҳо барои муҳоҷирон дар Русия тамдид карда мешавад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки дар чанд минтақаи Русия ба фаъолияти ронандагӣ машғул шудани муҳоҷирон мамнӯъ шудааст. Моҳи августи соли 2016 губернатори Новосибирск кори муҳоҷиронро дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон, истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва мусофирбарӣ манъ карда буд. Расонаҳо гуфтанд, ин маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон Озарбойҷон, Украина ва Молдова дахл дорад. Моҳи январи имсол бошад, губернатори вилояти Челябинск зери қароре имзо гузошт, ки фаъолияти шаҳрвандони хориҷиро дар мусофиркаш ва таксиҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ манъ мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |