Бахшҳо

“Ховар”: Туркия наҳзатиҳоро бадарға ва мамнуъ-ул-вуруд кард

Оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон-“Ховар” хабар додааст, ки Туркия аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз қаламраваш бадарға кард.

“Ховар” ин хабарро аз қавли Алӣ Азизоғлу, корманди Вазорати корҳои дохилии Туркия нашр карда, афзудааст, “мақомоти онҳо дастур гирифтаанд, ки тарафдорони ҲНИТ-ро дар қаламрави Туркия дубора роҳ надиҳанд”.

Манбаъ аз қавли Алӣ Азизоғлу илова намудааст, ки мақомоти Туркия таърих, фаъолият ва сохтори ҲНИТ-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҲНИТ воқеан ҳам ба Ҷумҳурии Туркия хатари ҷиддӣ дошта, аз созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюлен фарқе надорад. Хабаргузории давлатии Тоҷикистон аз изҳороти корманди Вазорати умури дохилаи Туркия чунин иқтибос овардааст: “Бино ба пешниҳоди ҷониби Туркия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои таълимии марбут ба созмони террористии Фатҳуллоҳ Гюленро бастанд. Ҷумҳурии Туркия низ барои рушди муносибатҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм аъзои созмони террористии ҲНИТ-ро аз ҳудуди Туркия хориҷ намуданд”.

Ба гуфти ҳамсуҳбати хабарнигори “Ховар” мақомоти низомии кишвараш дигарбора террористони наҳзатиро дар Туркия қабул намекунанд.

Ин иттилоъ дар ҳолест, ки ахиран Тоҷикистон хостори террористӣ-экстремистӣ эълон шудани ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони “Гуруҳи 24” аз сӯи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, гарчанде аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудани “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24” муддати зиёд сипарӣ шуд, то ҳол ин ташкилотҳо аз ҷониби бархе давлатҳо ҳамчун ҳизбу ҳаракати ба истиллоҳ оппозитсионӣ дониста шуда, дар баъзе давлатҳо ба аъзои он паноҳгоҳи сиёсӣ низ дода мешавад.

Талбакзода аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки ҳатто кишварҳои узви СПАД дар террористӣ эълон кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба таъхиркорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ гуфт, шомил кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба феҳрасти ягонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, мақомоти кишварҳои узвро водор мекунад, ки барои боздошту истирдоди аъзои ҲНИТ-у "Гуруҳи 24" чораандешӣ кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2015 “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24”-ро террористӣ-экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар мамнуъ намуд.
Мӯҳр
инчо саволи асоси ин ки ки инашу ки ваяш?

Саид
О Туркия дина як мухолифи хукумати Точикистонро аз махбас озод кард ку?! Як сол дар боздоштгох буд дина озодаш кард! Ин корманди вазорати Туркия аст ё Точикистон, ки аз хичи Хабаровска надорад!

Озод
Озодагон шубаи ховар шудааст мо бе хабар.

бехруз
мухтарам ozodagon наход шумо хабари ховарро нашр кунед бо ин коратон худатонро шарманда мекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)