Намояндаҳои Узбакистон ба хона-интернати Душанбе ширинӣ тақдим кардаанд (АКС)
Намояндаҳои Узбакистон ба хона-интернати Душанбе ширинӣ тақдим кардаанд
Намояндаҳои ширкати қаннодии Узбакистон, ки дар аввалин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ин кишвар дар Душанбе иштирок доштанд, ба хона-интернати №1-и пойтахт ширинӣ тақдим кардаанд.
Фарҳод Раҳмонбердиев, як масъули Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, тақдими шириниҳо имрӯз, 19 апрел сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, пагоҳ, 20 апрел як миқдор ширинии дигар ба созмони “Корвони умед” тақдим карда мешавад.
Нахустин намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва хӯроквории Узбакистон рӯзи 17 апрел дар маркази савдои “Пойтахт-90” ба кори худ оғоз бахшид ва то 20 апрел идома хоҳад кард. Бино ба иттилои Сафорати Узбакистон дар ин намоишгоҳ 160 навъи молу коло, назири техникаҳои гуногун, доруворӣ, хурокворӣ, масолеҳи сохтмон, пойафзол ва ғайра, манзури сокинон ва меҳмонони Душанбе мегардад. Қаблан гуфта шуд, бо далели маҳдуд будани теъдоди молу маҳсулот танҳо дар рӯзи охири намоишгоҳ онҳоро ба фурӯш мегузоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |