Рӯнамоӣ аз китоби Шакурзода ва намоиши филми “Нон ва шеър”-и Пураҳмад
Дар Хонаи синамои шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Саъдӣ аз китоби рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода рӯнамоӣ мешавад.
Маросими муаррифии китоби “Гулистон”-и Саъдӣ. Матни комил ва шарҳи он”, ки аз сӯи Пажухишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ мунташир шудааст, соати 16:00-и 20 апрел оғоз мешавад. Ба дунбол филми “Нон ва шеър”-и коргардони шинохтаи Эрон - Каюмарси Пураҳмад намоиш дода мешавад.
Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ маъруф ба Саъдии Шерозӣ аз барҷастатарин шоирони порсигӯи асри XIII мебошад. “Гулистон” ва “Бустон” асарҳои маъруфтарини Саъдӣ ҳастанд. Аз осори шоир куллиёте боқӣ монда, ки ба шакли маснавӣ, ғазал, тарҷеъбанд, таркиббанд, қасида, рубоӣ эҷод шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |