Тавре Муродалӣ Тешев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, Расул сараввал варзишгари мизбонро бо усули «вазарӣ», баъдан варзишгари қазоқро бо усули «иппон», ҳамчунин варзишгари укроинро низ бо ин усул шикаст дод.
Дар даври ниҳоӣ бошад, боз варзишгари мизбонро бо усули юко мағлуб намуд. Ғайр аз ин Расул дар вазни 66 кило низ дар мусобиқаи мазкур баромад намуда, медали биринҷиро соҳиб шуд. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа дар таҳти роҳбарии мураббӣ Салим Аҳмадов ширкат намуд. Гуфтанист, варзишгарони кишварҳои Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва чанде дигар кишварҳо низ дар сабқат ҳунарнамоӣ карданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |