Бахшҳо

Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳо

Ба иттилои мақомоти қудратии кишвар айни ҳол ҳудуди 1100 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи гуруҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна шомил ҳастанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола иддае аз ҷавонон ба ин гуруҳҳо мепайванданд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2016 нисбат ба солҳои қаблӣ сафи ҷавононе, ки ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” пайвастаанд ба маротиб кам шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 20-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, соли гузашта 40 нафар аз тоҷикистониён ба сафи гурўҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ба иттилои ӯ, дар соли гузашта 22 шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ихтиёран хориҷ шудаанд. Ба иттилои ВКД айни ҳол ҳудуди 80 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ аъзоёни “Давлати исломӣ” ба Ватан баргаштаанд. Мо бо чанд ҷавоне, ки ҷангҳои Сурияву Ироқро бо чашми худ дидаанд ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо пайвастани ҷавононро ба ин гуруҳҳои тундрав чунин шарҳ доданд.

МУҲОҶИР РОҲИ ОСОНИ “САЙД” Ё БИДУНИ ”ПАТЕНТ” БА СУРИЯ?

Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳоБо чор ҷавоне, ки мо суҳбат доштем ҳамагӣ гуфтанд, аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба ин ҷангҳо бо ҳар роҳҳо ҷалб шудаанд. Ҳатто як нафар мегуфт, қимматии патент дар Русия сабаб шуд, то ба Туркия барои кор биравад ва аз онҷо бо роҳи фиреб вайро ба Сурия бурданд. Ҳақназар Саидов, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба мо изҳор дошт, дар муҳоҷирати корӣ Анас ном шахс (тоҷик аз шаҳри Норак) маро тариқи сомонаи “Одноклассники” ба кор ба Туркия даъват кард. Ӯ гуфт, дар Русия патент қиммат шудаст ва дар инҷо беҳуҷҷат ҳам кор карда мешавад ва метавонӣ бе ягон монеа кор кунӣ: “Баъдан ман гуфтам, ки пул надорам, Анас рақамҳои шиносномаамро пурсид ва ў аз ҳисоби худаш барои ман чипта хариду ман ба Истамбул рафтам. Маро аслан барои кор ба Туркия даъват карданд, вале баъдан бо роҳи фиреб ба Сурия бурданд. Ман Анасро, ки номи аслияш Анушервон будааст, дар Туркия пайдо кардам. Ӯ гуфт, ки шумо равед мо аз қафо бригадаи нав ҷамъ кардем меоем. Вақте ки сарҳади Туркияро гузаштему дар Сурия қарор гирифтем, фаҳмидам ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст ва ба Анас занг задам. Аммо ў гуфт, ки шумо аслан дар Туркия қарор доред ва он ҷо назди сарҳад аст. Ҳоло вазъият хуб мешавад. Чаро ман ба Анас бовар кардам? Чунки расмҳоеро равон мекард, ки ҷавонон кор карда истодаанд. Мегуфт, ҳамаи ҳаминҳо тоҷиконанд ва кор карда истодаанд, биёед ҳамин ҷо оромона, бе ягон мамоният кор кунед. Ҳамон инсонҳое, ки дар расм буданд ман онҳоро воқеан дар Туркия дидам. Ин нафарон аслан аз ҳолати мо, ки дар Русия бисёр вазнин аст, истифода мебаранд”.



Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳоҲамсӯҳбати дигари мо низ аз муҳоҷират ба ин ҷангҳо ҷалб шудааст. Ризвон Аҳмадов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон гуфт: “Дар Русия дар сохтумон кор мекардам ва як ҷавон ҳамроҳи мо буд. Номаш Иброҳим ва ҳамеша аз “Давлати Исломӣ” тарғиб мекард. Мегуфт мусалмонони ҳақиқӣ дар ҳамон ҷо ҳастанд. Баъдан аз ҳисоби худаш барои ман чиптаи Маскав-Туркия харид. Аз фурудгоҳ то як хона бо таксӣ бурданд. Онҷо ду турки дигар ҳамроҳи мо пайваст ва бо автобус тарафи марзи Сурия рафтем. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади байни Туркияву Сурия гуфтанд, “бидавед, ки сарҳадбонони турк мепаронанд”.

Аҳмадов илова намуд, ки аз он тарафи марз силоҳбадастон пешвозашон гирифтанд. “Фикр мекардам, ки онҷо як давлати ободи Исломиву ором аст, вале вақте ба он ҷо рафта расидем, танҳо одамкушиву бераҳмиҳоро дидем, ки берун аз қоидаи Ислом будааст”,-гуфт ӯ.

ИНТЕРНЕТ ДОМИ ГУРУҲҲОИ ТЕРОРРИСТӢ…

Масъулин яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонони тоҷикро ба сафи гуруҳҳои ифротиро интернет мегӯянд. Бобоҷон Қарабоев, як сокини Ваҳдат ҳам гуфт, вақте дар Русия қарор дошт, тавассути интернет ба ин ҷангҳо ҷалб шуд: “Дар интернет наворҳои зиёдро дар ин маврид тамошо мекардам ва дар шабакаи интернетии “Радиои Зело” бештар ин гурўҳро тарғиб мекарданд. Дар мавриди дини Ислом бисёртар баромад мекарданду ман ба онҳо бовар мекардам. Баъдан дар шабакаи интернетии “Радиои Зело” маро даъват карданд. Аз ҳисоби худашон барои ман чипта хариданд ва то Истамбул рафтам. Онҷо Абдуллоҳ ном як нафар аз вилояти Суғд ҳамроҳам шуд. Аз Туркия то сарҳади Сурия 20 соат бо автобус рафтем. Вақти гузаштани сарҳади Туркия ва Сурия ҳеч мушкил надоштем ва озод гузаштем. Моро ба шаҳри Табқа бурданд. Онҷо зиёда аз 20 ҷавони тоҷик қарор дошт. Ҳудуди якуним моҳ моро дар як таҳхона маҳкам карданд. Вақте мепурсидем чаро чунин мекунед, ҷавоб медоданд, ки шахсияти шуморо бояд муайян кунем, донем, ки кӣ ҳастед ва барои чӣ ба ин давлат омадед”.

ҶАВОНОНИ ТОҶИКРО ЧАНД ДОЛЛАР МЕФУРӮШАНД?

Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳоДар ҷараёни омода кардани ин гузориш ва таҳлили мавзӯъ маълум гардид, ки баъзан ҷавонони тоҷик аз сӯи ҳамватанҳои худ “фурӯхта” мешаванд. Саймумин Ҳакимов, сокини ноҳияи Ёвонро, ки дар Тоҷикистон зану фарзанд доштааст, як ҳамватанаш бо роҳи фиреб барои кор ба Туркия даъват карда, “мефурӯшад”. Ӯ гуфт: “дар Маскав ба таксиронӣ машғул будам. Як муштарӣ бо номи Манон доштам, ки зодаи шаҳри Ваҳдат буд. Ба ман телефон мекард ва то ҷойи даркориаш мебурдам. Як рӯз гуфт, дар Туркия кор аст ва ҳар моҳ 800 доллар медиҳанд. Пурсид, ки рафтан мехоҳӣ? Ман розӣ шудам. Дар Туркия маро Саид ном як ҷавон пешвоз гирифт ва гуфт, кор фардо бегоҳ аниқ мешавад. Фардояш моро дар мошин савор карда, ба сарҳад бурданд. Дар Сурия фаҳмидем, ки Манон барои ҳар нафаре, ки ба Сурия равон мекардааст, 800 доллар мегирифтааст”.



ҶАВОНОНИ ПУШАЙМОНШУДА РОҲИ ФИРОР МЕҶӮЯНД

Ҳамаи ин ҳамсуҳбатҳои мо ба Тоҷикистон баргаштаанд. Онҳо аз шароит ва роҳҳои баргаштанашон ҳам қисса карданд. Ба гуфтаи онҳо барои аз Сурия ба Ватан баргаштан нахуст хоҳиш лозим аст. Ризвон Аҳмадов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, дар Сурия тоҷиконе, ки мехостанд фирор кунанд, кам нестанд: “Аммо метарсиданд, ки ба ҳамроҳони худ бигӯянд. Ҳамроҳи мо дар Сурия як духтари тоҷик буд, рақамҳои телефони як корманди консулии Тоҷикистон дар Туркияро медонист. Ман ба ӯ тариқи Whatsapp занг задам ва бо маслиҳату роҳнамоии вай аз Сурия фирор кардам. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия масъулини сарҳадро огоҳ карданд ва мо бо ёрии сафорат ба Туркия гузаштем”.

Роҳи чор ҷавони тоҷик ба Сурия ва қиссаи баргаштани онҳоТоҷикистон миёни кишварҳои минтақа ягона давлатест, ки эълон кард, нафаронеро ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳои кишвари хориҷ меоянд, афв мекунад. Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон низ моддаи махсус барои афви ин гуруҳ илова шудааст. Сару садоҳое ҳаст, ки нафарони афвшуда ҳоли табоҳе доранд, вале ҳамсуҳбатони мо ин ҳамаро рад мекунанд. Бобоҷон Қарабоев, сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд, барои фирор аз Сурия одамоне ҳастанд, ки мошин ё мотосикл доранд ва аз 200 то 500 доллар гирифта, одамонро то сарҳади Туркия мебаранд: “Агар пул бошад фирор кардан осонтар аст. Дар Сурия ба мо мегуфтанд, ки агар ба Ватани худ баргардед, аз 20 сол то ҳабси якумрӣ таҳдидатон мекунад, вале омадем, чунин гапу хабар набудааст. Моро афв карданд ва ба зиндагии муқарарӣ баргаштем”.

Дар рафти суҳбат бо ин ҷавонон, ки иддао мекарданд бо роҳи фиреб ба ин ҷангҳо ҷалб шуданд, маълум гардид, онҳо аз дини Ислом огоҳии амиқ надоранд. Коршиносон ҳам яке аз сабабҳои ба ҷангҳои бегона рафтани ҷавононро надоштани саводи диниву дунявӣ мегӯянд. Ҳар нафаре, ки саводи диниву дунявӣ дошта бошад, ҳеч гуруҳи террористиву ифротгароӣ наметавонад, ӯро ба сафи худ ҷалб созад.

Завқибек САИДАМИНӢ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
соддабек
Метарсам аз хоки Ватан рафтагихо вакташ ояд " исломи тоза"-ро кофта моро таги бало монданашон мумкин. Аз болои хамааш назорати хамешаги ташкил шавад

апрп
Рост ба хар хол бояд зери назорати доими бошанд

Беном
Корхона нест нони мехурдаги нест хама дар мухочират ягон пешрави нест дар мамлакат инхо сабаби ифротишавии чавонон аст коршиносони тахлилгар.

Зафар КУРБОНОВ-ЮРИСТ
ИН БЕАКЛИСТ ДА. БАРОИ СИЕСАТИ КИМ КИ БОЯД МУРД.
1. ИН ЧИХОД НЕСТ. ДАР ЯГОН ЧОИ ДИНИ МУБОРАКМОН ОВАРДА НАШУДААСТ. КИ МУСАЛМОНКУШИ ИН ЧИХОД БОШАД, САРФИ НАЗАР АЗ РАВИЯАШ (МАЗХАБ КИ ИН ДИН АСТ) ХАР КАСЕ КИ ЛО ИЛОХА ИЛАЛЛОХУ МУХАММАДАР РАСУЛЛУЛЛОХ МЕГУЯД БО ЗАБОН ВА ТАСДИК МЕКУНАД БО КАЛБАШ МУСАЛМОНАСТ. ВА РЕХТАНИ ХУНИ У ХАРОМ АСТ. ПАС ЧИ ЧОИ ЧИХОДИ ДОРАД ВАКТЕ КИ АСИРОНРО МЕДОРАНД ВА ТАЛКИН БА ГАРДОНИДАНИ КАЛИМАИ ШАХОДАТ МЕКУНОНАНД ВА ОНХОЕ КИ ХАТТО МУСАЛМОН НЕСТАН ИМОН МЕОВАРАН ВА БАЪД МУСАЛМОНРО МЕКУШАНД. МАГАР ИН ИСЛООМ АСТ? ЧИХОД АСТ?
2. ДАР ИН КИШВАРХО ИРОК. АФГОНИСТОН. СУРИЯ, ЛИБИЯ ВА ГАЙРА ДУ АБАРКУДРАТИ ЧАХОН БО ХАМ МЕЧАНГАНД. ЗИРАКИРО БИНЕД КИ ДУ АБАРКУДАРАТ АМРИКО ВА РУСИЯ ДАР САРМЗАМИНИ МУСАЛМОНОН МЕЧАНГАД. ЧУН МУСАЛМОН МУРД КАСЕ ЗАРАР НАМЕБИНАНД. ХАР ТААРФ КИ ГОЛИБ ШУД, МУСАЛМОН ШИКАСТ МЕХУРАД. МАМЛАКАТАШ ХАРОБАЗОР МЕГАРДАД. МАРДУМАШ КУШТА МЕШАВАД, ФАРЗАНДАШ ЯТИМ МЕМОНАД. ПАС БАРОИ ЧИ БА ЧАНГИ АБАРКУДАРАТХО МО РАВЕМ БИЧАНГЕМ. ОХИР БА КУЧОЯШОН ИН ЧАНГАРАХО ФИКР МЕКУНАНД? НАХОД НАФАХМАНД. КИ ИН ТАШКИЛОТ ЧИ ГУНА ПАЙДО ШУД ВА ЧАРО ДАР ЯК МУДДАТИ КУТОХ СОХИБИ ИН КАДАР МУХИМООТУ АСЛИХА ГАШТ, АЗ КУЧО? БА КАДОМ ВАСИЛА? КИ ДОД? ОНХО ЗАВОДУ ФАБРНИК НАДОШТАНД, МАМЛАКАТ НАДОШТАНД. ПУЛ НАДОШТАНД, ИКТИДОР НАДОШТАНД. ЯКЕ ЯКБОРА АЗ КУЧО ПАЙДО ШУД?
3. ХАР НАВЪ ЧАНГ КИ БОШАД МАХСУС ИН КУШТАНИ МУСАЛМОН БО ДАСТИ МУСАЛМОН АСТ. АЗ ИН ИСТИКБОРИ ЧАХОНИ (АМРИКО. РУСИЯ ВА ГАРБ) ФОИДА МЕБАРАД НА МУСАЛМОН, ПАС ХУШЕР БОШЕД ЧАВОНОН. ТУЪМАИ ХОМИ АБАРКУДАРТХОИ ЧАХОН НАГАРДЕД.
4. БУЗУРГТАРИН ЧИХОД - ЧИХОДИ АКБАР ИН МУБОРИЗА БО НАФСАТОН АСТ, УНКАДАР ЧИХОЛДИ БОШЕД ДАР СОЗМОН ВА ТАШКИЛОТХОИ СОЗХАНДАГИИ ВАТАНИ ЧИХОДИ СОЗАНДАГИ КУНЕД. ОБОД КУНЕД. БИСОЗЕД, НГАВ КУНЕД, ПАДАРУ МОДАРРО НИГОУХБИН КУНЕД, АЗ НАФСАТОН МУРОКИБАТ КУНЕД, АНА ИН МЕШАВАД ЧИХОД. МУСЛАМОНКУШИ ИН ЧИХОД НЕСТ. ХАРКИ ХУНИ МУСАЛМОНРО БА НОХАК БИРЕЗАД. НОРИ ЧАХИМ ЧОИ АБАДИИ УСТ!!. И ХАДИСИ РАСУЛЛЛУОХ АСТ.

Инҳо номи чанд нафареро гирифтанд, ки ба гуфташон фирефтаи таблиғи онҳо шудаанд. Ҳоло магар душвор аст, мақомоти қудратӣ аз паси ҷустуҷӯи онҳо шаванд.
Дуввум инки, бино ба навиштаҳои интернети хориҷӣ аз назорати ДИИШ гурехтан қариб ки имкон надорад. Агар дастгир кунанд, "хоин" гуфта, пора-пора мекунанд. Нашавад, ки ин 4 нафар осонакак гурехтагон сарбозони ояндаашон бошанд? Барои рӯзи "х". Зеро касе як бор дарси таблиғи исломиро гирифт, як умр аз ин роҳ намегардад. Шахсан ман ба ин чор нафар бовар намекунам. Онҳоро зери назорати шадид бояд гирифт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)