Мурофиаи модари тоҷик, ки барои ҳимояи дугоникҳояш, пулисро кӯфт
Додгоҳи вилояти Челябинск парванда алайҳи як зани тоҷикистониро ба баррасӣ гирифтааст, ки барои ҳимояи дугоникҳои ноболиғи худ ба пулис ҳамла кардааст.
Алексей Неваленний, муфаттиши калони ноҳияи Калинини вилояти Челябинск дар суҳбат бо расонаҳои русӣ изҳор доштааст, ки қазия моҳи декабри соли гузашта рух дод: “Писари калонии ин зан барои додани баёнот ба пулис даъват шуд. Бародарони хурдӣ ва модараш низ ба идораи пулис омадаанд. Дугоникҳои 14-солаи ин зан дар шуъба даводаву бетартибӣ кардаанд”.
Ба иттилои манбаъ ин зан бо худ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ки дугоникҳо фарзандонаш мебошанд, надошт: “Аз ин рӯ пулис тасмим гирифтааст, то овардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда фарзандонашро ба маркази нигоҳдории ноболиғон интиқол диҳад. Аммо зан муқобилият нишон дода, талаб кардааст, ки фарзандонашро ба ӯ баргардонанд. Зимни кашмакаш муттаҳам бо оринҷ ба синаи корманди пулис зарба задааст”.
Дар пайи муқобилият пулис нисбати ин зан бар асоси моддаи 318-и Кодекси ҷиноӣ -истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Алексей, Неваленний мегӯяд, зан худро гунаҳкор намеҳисобад, гарчанде далелҳо, аз ҷумла сабти дастгоҳҳои назоратӣ дар дасти маъмурин қарор доранд: “Айни ҳол парванда барои баррасӣ ба додгоҳ равон шуда, фарзандонаш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба ӯ баргардонида шуд. Ӯ замони таҳқиқи парванда дар ҳабси хонагӣ қарор дошта, дар сурати тасдиқи айбаш ба ӯ то панҷ соли ҳабс таҳдид мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |