Муҳоҷиронро тавассути телефон аз хатари ифротгароӣ ҳушдор медиҳанд
Ҳукумати ноҳияи Бохтар, дар вилояти Хатлон ҷануби Тоҷикистон ба ҳар як муҳоҷире, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, суҳбати як ба як анҷом дода аз зиндагӣ ва шароити кории онҳо пурсон шудааст. Ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод" яке аз ҷамоатҳои сернуфӯси ноҳияи Бохтар ба шумор меравад. Бино ба омори масъулини ҷамоат 1748 сокини он дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳрҳои Русия қарор доранд. Гуфта мешавад, масъулини ҷамоат бо ҳамаи онҳо суҳбати телефонӣ анҷом дода, онҳоро аз хатари ифротгароӣ огоҳ кардаанд.
Мақомоти ноҳияи Бохтар мегӯянд, ҳадаф аз ин тадбир огоҳ шудан аз шароити будубоши муҳоҷирон ва ҳушдор додани онҳо аз хатари ифротгароӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки пулиси вилояти Хатлон мегӯяд, бештари сокинони вилоят аз Русия ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Хонаводаҳои аксар сокинони вилояти Хатлон, ки ба Сурия рафтанд низ изҳор доштанд, фарзандонашон дар Русия қарор доштанд.
Дар ҳоле ки пулис баъди анҷоми корҳои оперативӣ мегӯяд гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аз шаҳрҳои Русия маншаъ гирифтааст, вале боз муҳоҷироне ҳастанд, ки аз эҳтиёт кор мегиранд ва фикрашон дар пеш бурдани аробаи зиндагӣ ва зану фарзандашон мебошад. Як ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳия, ки дар суҳбати телефонӣ худро Фаррух муарифӣ кард, мегӯяд, чунон саргарми кор ва дар фикри зану хонавода аст, ки аслан вақти ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоиро надорад.
Ин ҷавон аз соли 2012 то инҷониб ба Русия мардикорӣ меравад. Чанд рӯз пеш корманди идораи ҷамоат ба ӯ занг задааст: “4 сол аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравему меоем. Ҳамарӯза хонавода занг мезананд аз аҳволи мо пурсон мешаванд. Як рӯз намояндагони ҷамоат ба мо занг заданд, ки ба чӣ корҳо машғулед. Мақсади онҳо пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Мо бисёр хурсанд ҳастем, ки ба мо занг мезананд, аз хатари ҷангҳои Сурияву Ироқ мефаҳмонанд. Мо тарафдори ҳамингуна амал ҳастем".
Ин ҷавон мегӯяд, аз хатари ифротгароӣ гоҳ-гоҳе аз шабакаҳои телевизионӣ маълумот мегирад, вале модари ӯ пайваста тариқи телефон насиҳаташ мекунад, ки бо афроди бегона суҳбат накунад ва ҳушёриро аз даст надиҳад.
Шарофат Фатҳуллоева, муовини раиси ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Бохтар мегӯяд, тайи солҳои ахир хатари терроризму экстремизм на танҳо дар ноҳияи Бохтар, балки дар Тоҷикистон аз мавзӯи доғ буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вай гуфт, ки чанд соли ахир дар ноҳияи Бохтар онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро бо мардум баргузор мекунад, ки ҳадаф огоҳ кардани мардум аз хатари ифротгароӣ мебошад, хусусан хона ба хонаи муҳоҷирон гаштану ҷаъмоварии рақамҳои телефонҳои онҳо ва ҳолпурсӣ карданашон як бахши барномаи онҳо будааст. Шарофат Фатҳуллоева гуфт, ҷавонони ҷамоати "Меҳнатобод" 17 ҳазору 125 нафар буда, то имрӯз дар ҳамбастагӣ бо раисони маҳаллаҳо хона ба хонаи мардум гашта беш аз 1748 рақами телефонҳои муҳоҷирони ҷамоатро ба даст оварданд, ки бо онҳо тариқи телефон суҳбат кардаанд: "Ба хотири шомил нашудани ҷавонон ба гӯруҳҳои мамнӯи террористӣ дар ҳамбастагӣ бо раисони маҳалаҳо хона ба хона гашта бо онҳо суҳбат мекунем ва онҳоро аз хатари ифротгароӣ огоҳ месозем".
Аз ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод" мегӯянд, илова бо онки бо муҳоҷирон як бо як суҳбатҳо анҷом медиҳанд ва аз шароити кору зиндагияшон мепурсанд, чорабиниҳои фарҳангӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон баргузор кардаанд. Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гуфтанд, дар вилоят барномаҳои мухталифе барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ пиёда шудааст. Барномаи даҳҷонибаи мақомот, ки дар он аз корхонаю муасисаҳои вилоятӣ бо мардум суҳбатҳо дар мавриди ифротгароӣ анҷом мешавад. Ин барнома, ки ҳайати он аз намояндагони кумитаи дин, равоншиносон, намояндагони пулис ва додситонӣ иборат аст бо мардум суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад ва чанд нафар аз волидайне, ки фарзандонашон ифротӣ шудаанд ба унвони мисол дар ин мулоқотҳо бо мардум суҳбат мекунад.
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст. Мӯҳр