ВАО: Аз шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия маводи тарканда ёфтаанд
Дар Ростови Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми нигоҳ доштани маводи мунфаҷира дастгир шудааст.
Торнамои 161.ру бо такя ба манобеаш дар мақомоти пулиси Ростов навиштааст, маводи таркандаи худсохт аз манзили иҷораи ин ҷавони 24-сола дар шаҳраки Северний ёфт шудааст: “Ҳангоми кофтуков ҳамчунин адабиёте дарёфт шудааст, ки метавонад характери экстремистӣ дошта бошад”.
Ному насаби боздоштшуда эълон нашудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ воқеан шаҳрванди Тоҷикистон аст ё на. Дар гузашта ҳолатҳое, ки расонаҳои русӣ аз боздоштшудаҳо бо иттиҳомоти мухталиф шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда, аммо баъдан рад шуд, кам набуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |