Тазоҳуроти афғонҳо алайҳи мақомоти тоҷик: Раводид намедиҳанд...
Гуруҳи тоҷирони афғон алайҳи мушкили гирифтани раводиди Тоҷикистон дар Шерхонбандар даст ба тазоҳурот задаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои афғон тозоҳуротгарон иддао доранд, ки Тоҷикистон қаблан консулгарияш дар Кундузро баста, ба тоҷирону ронандаҳои афғон раводид намедиҳад. Онҳо ҳушдор додаанд, ки дар посух додугирифт дар Шерхонбандарро масдуд карда, роҳро барои тоҷикистониён мебанданд.
Сайёд Маҳмуд Дониш, сухангӯи волии Кундуз гуфтааст, Тоҷикистон консулгарияшро дар ин вилоят ба далоили амниятӣ баста буд. Ӯ афзудааст, гарчанде мақомдорони маҳаллӣ таъмини амнияти консулгариро кафолат доданд, ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи дубораи консулгарӣ дар Кундуз то ҳол иқдом накардааст.
Қаблан Тоҷикистон эълон кард, ки ба далоили амниятӣ консулгариҳо дар Кундуз ва Бадахшони Афғонистон баста шудаанд.
Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки дар пайи омӯзиш ин қазияро шарҳ хоҳанд дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |