Нашри китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” бо 3 забон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз нашри китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо теъдоди 10 ҳазор нусха хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг китоби мазкур аз сӯи нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумат нашр гардидааст: “Китоби мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шуда, он зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дарбар мегирад. Инчунин тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст”.
Манбаъ ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |