“Парасту-2017”: Кадом намоишномаҳо пешниҳод мешаванд?
Имрӯз дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017” ба кори худ оғоз кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанг имсол фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100–солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова бахшида мешавад.
Нахустин намоишро театри драмаи ба номи Лоҳутӣ дар таҳияи Қурбони Собир аз рӯйи асари Молйер бо номи “Пизишки паррон” пешниҳод менамояд. Намоиши дуввумро дар ин озмун Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо номи “Дирафши ковиёнӣ” дар коргардонии Нозим Меликов соати 14:00 дар худи ин театр манзури бинандаҳо мегардонад. Намоиши сеюм соати 18:00 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов аз рӯйи асари Шамсия Қосимова дар коргардонии Сабоҳат Қосимова бо номи “Ҷуз сухани ганҷ магӯ…” дар ҳамин театр намоиш дода мешавад.
Рӯзи 19 апрел намоишҳои Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара - “Шикасти аввал. Қаромита” (соати 10:00 дар Театри ба номи А.Лоҳутӣ), Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе “Кист гунаҳкор?” (соати 14:00 дар ҳамин театр) ва “Модар – Ватан”-и Театри мусиқӣ-драмавии Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом (соати 18:00 дар Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов) дар назар аст.
Рӯзи 20 апрел намоишҳои “Наврасии Мушфиқӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа (соати 10:00 дар Театри ба номи Лоҳутӣ) ва “Қалби зан”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд (соати 18:00 дар Театри операву балети С. Айнӣ) пешниҳод мегарданд.
Намоишномаҳои “Гирдоби зиндагӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи Кӯлоб (соати 10:00 дар Театри Лоҳутӣ), “Духтари ҷасур”-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (соати 14:00 дар Театри лухтаки Душанбе) ва “Хонума”-и Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский (соати 18:00 дар Театри Лоҳутӣ) рӯзи 21 апрел дар назар гирифта шудааст.
Рӯзҳои 22 ва 23 апрел мутаносибан намоишномаҳои “Доғ”-и Театри давлатии ӯзбекии драмавӣ - мусиқии ноҳияи Спитамен (соати 10:00 дар Театри тамошобини ҷавон), “Зол ва Рудоба”-и Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (соати 14:00 дар ҳамин театр), “Ширинтар аз афсона”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ (соати 18:00 дар театри ҷавонони ба номи Воҳидов) ва “Ба ҳамааш муҳаббат айбдор аст”-и Театри ҷумҳуриявии драмаи мазҳакаи русии шаҳри Бӯстон (соати 10:00 дар театри тамошобини ҷавон), “Вопасин арӯси Амиралмуъминин”-и Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт (соати 14:00 дар театри Лоҳутӣ), “Аз мост, ки бар мост”-и Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд (соати 18:00 дар Театри ҷавонон) пешниҳод мешаванд.
Дар рӯзи ниҳоии озмун намоишномаҳои берун аз озмун “Хирс”-и театри Лоҳутӣ (соати 09:30 дар худи театр), “Қурбонии охирин”-и Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон (соати 11:00 дар Театри тамошобини ҷавон) ва “Замоне барои ишқ”-и Театри ҷавонон (соати 14:00 дар ҳамин театр) намоиш дода мешаванд.
Дар рӯзи ниҳоӣ инчунин баргузории мизи муддаваре бо номи “Театри тоҷик ва дурнамои он” (соати 14:00) дар Вазорати фарҳанг ва расми хотимавии озмун дар театри операву балети С.Айнӣ соати 17:00 дар назар аст.
Вазорати фарҳанг мегӯяд, Фестивал-озмунро “бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ” баргузор менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |