Бахшҳо

Шамолов: Ҷомеаи имрӯз шахсиятҳои монанди Суҳробро хеле кам дорад

Агар умр вафо мекард, Суҳроб Шарипов, сиёсатшиноси маъруфти тоҷик, ки бо ошкорбаёнӣ ва интиқодҳояш ҳамеша дар сархати расонаҳои кишвар қарор дошт, имрӯз ба синни 54 мерасид. Ӯ 19 январи соли 2015 бар асари бемории камхунӣ дар 52-солагӣ даргузашт. Онҳое ки Суҳроб Шариповро мешиносанд, аз ӯ як инсони ватандӯст, хоксор ва донишманду ҷасур ёд мекунанд.

Файласуфи шинохта Абдулвоҳид Шамолов, ки солҳои зиёде бо Суҳроб Шарипов кор кардааст, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷомеаи имрӯз шахсиятҳои монанди Суҳробро хеле кам дорад. Ба гуфтаи вай, сиёсатшиносон зиёданд, аммо теъдоди андаки онҳо дар бораи сиёсатшиносӣ суҳбат карда метавонанд: “Дар кишвари мо мутаассифона инсонҳое, ки ҳам фарҳангӣ, ҳам хеле боахлоқ ва ҳам донишманд бошанду дар ин баробар бо тамоми ҳастӣ ватани худро дӯст бидоранд, кам ҳастанд. Суҳроб Шарипов яке аз чунин шахсиятҳо буд. Ӯ илмро бисёр дӯст медошт ва илм барояш ҳама чиз буд. Суҳроб қабл аз ҳама як файласуф буд, шахсе буд, ки ба фалсафа, ҳикмат муҳаббати зиёд дошт. Тавонист аз тариқи фалсафа ба ошёнаи илми сиёсатшиносӣ по бигзорад”.

Ба таъкиди ҷаноби Шамолов, Суҳроб Шарипов танҳо як мақсад дошт - пешбурди илм ва тариқи илм обод кардани ҷомеаи муосири Тоҷикистон. “Бисёре аз сиёсатшиносони мо намехоҳанд мисли Суҳроб бошанд, чунки ҷаҳони ӯ дигар буд, ҷаҳони ӯ ҷаҳони илму фарҳанг буд ва ӯ на барои мансабҳои илмӣ ба илм рӯ оварда буд, балки ба хотири пешрафти илм талош мекард. Вуҷуди ӯ, тафаккури ӯ фарҳанӣ буд. Ба касе ғараз надошт, дар ғайбату дар рашку дар ҳасади касе набуд, шахсонеро эҳтиром мекард, ки ватанпараст буданд. Барои ватани худ ба ҳар кор омода буд. Дар куҷое, ки фаъолият кардааст, ҳамчун содадил ва равшанфикр дар хотирҳо мондааст. Содагии ӯ содагии инсонӣ буд ва аз маърифати баланди ӯ шаҳодат медод. На танҳо дар илм, балки дар сиёсат ҳам бисёр як шахси маъруф буд ва шахсан раисҷумҳур нисбати ӯ эҳтиром қоил буданд”,-илова намуд ӯ.

Абдулвоҳид Шамолов мегӯяд, будани шахсиятҳое чун Суҳроб Шарипов дар таърихи ҳар қавму миллат бисёр зарур аст, зеро маҳз чунин инсонҳо роҳро ба сӯи пешрафт боз намуда, мардум, ба вижа ҷавононро ба ҷониби фарҳангиву ватандӯстӣ талқин менамоянд.

Умед Бобохонов, муассиси медиа-ҳолдинги “Азия Плюс” бо назардошти феълу рафтор ва таълиму тарбия Суҳроб Шарифовро шахси беҳамто ва инсони мунҳасир ба фард дар системаи давлатии Тоҷикистон унвон кард. Ӯ мегӯяд, Суҳроб ба ҳайси фориғутаҳсили факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав, профессор, олим ва сиёсатшинос ҳамеша он чиро ки фикр мекард ва дар андешааш чарх мезад, иброз медошт, ҳатто агар раҳбарият дар ин мавзӯъ нуқтаназари дигар дошт: “Вақте ҳамкорон ё журналистон бо тааҷҷуб мепурсиданд, ки чаро аз гуфтани ҳақиқат наметарсӣ, танҳо табассум мекард ва мегуфт, агар аз кор хориҷ кунанд, дар донишгоҳ кор пайдо мекунам, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар кишварҳои дигар”.

Ба гуфтаи оқои Бобохонов, нуқтаназари усулӣ ва ҳамроҳ бо далелҳои Суҳроб Шарипов дар мавзӯъҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон мавқеи ӯро нисбат ба дигар мансабдорон ва олимон миёни ҳамкоронаш барҷаста мекард: “Бо назардошти ин вижагиҳояш, раҳбарияти олии Тоҷикистон дар он замон ба ӯ таваҷҷуҳ кард”.

Ӯ гуфт, яке аз аввалин тарҳҳои Шарипов замони директори Маркази тадқиқоти стратегӣ буданаш мавзӯи пажӯҳиши коррупсия дар Тоҷикистон буд ва беибо ва нотарсона натиҷаи ин таҳқиқро эълом кард, ки нишон медод, аз ҳама сохтори фасодзадатарини давлатӣ ниҳодҳои қудратии кишвар ҳастанд. Бобохонов мегӯяд, коррпусия ва фасодзадагӣ дар кишвари мо ҳоло ҳам идома дорад ва аз қабл ҳам шадидтар шудааст, аммо оё касе пайдо мешавад, ки ошкору рӯшод ва беибо дар ин бора мисли Суҳроб Шарифов ҳарф занад? “Мутаассифона баъди даргузашти Суҳроб Шарифов дар ҷомеаи мо нафаре пайдо нашудааст, ки ҷойи холии ӯро пур кунад. Мо номи яке аз хиёбонҳои Душанберо ба исми ӯ гузоштем, аммо дарси аслии зиндагии ӯро фаромӯш кардаем, ки “дар ҳама ҳолат инсони ростқавлу бошарофат мондан ва ҳаргиз аз оромонҳову мавқеи усулии худ барнагаштан буд”,-афзуд вай.

Рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр мегӯяд, албатта, шароити кории хабарнигории то соли 2015 ва баъди он бо ҳам муқоисанашаванданд, вале шароит дигар шуду мансабдорони тоҷик бештар аз расонаҳо ҳазар мекунанд. Ӯ гуфт: “Ҳатто замони дар қайди ҳаёт будани Суҳроб Шарипов мо тақрибан мансабдор, ходими давлатӣ ва ҳатто намояндаи ҳизби ҳокимро пайдо намекардем, ки ҳозир бошад дар робита ба масоиле назарашро баён кунад. Марҳум Шарипов ҳамеша бо камоли майл ба пурсишҳо посух мегуфт. Он замон Суҳроб Шарипов барои хабарнигорон як тарафи мизони тавозуни таҳлилҳо буд. Агар дар интихоби шарҳу таҳлил мо як каме интихоб миёни дигар қишри ҷомеа доштем. Дар баробари назари коршиносон Суҳроб Шарипов барои мо собиқ мансабдор, дар баробари таҳлил ва мавқеи аҳзоби сиёсӣ намояндаи ҳизби ҳоким ва роҷеъ ба масоили марбут ба мардум вакили мардумӣ буд. Аз бархурди эшон бо расонаҳо дар таҷрибаи кориам ҳич хотироти манфие надорам. Танҳо дар як мавзӯъ марҳум ду маротиба хоҳиши оростани мусоҳибаро рад карданд. Вақте қазияи Зайд Саидов матраҳ буд, эшон аз суҳбат худдорӣ намуданд. Гуфтанд, намехоҳанд сухане рӯйи чоп биёяд, ки бар зарар бошад: “Он ҳақиқате гуфтан мехоҳам, мунташир кардан бар зарар аст ва то он андоза наметавонам сохтакорона ҷавоб бигӯям, ки онро рӯйи коғаз биёред. Беҳтар аст чизе нагӯям, то бо дуруғе сатҳи худро поин накунам”.

Бояд гуфт, ин ҷумлаҳои боло фишурдаи исрори ду соата барои ба мусоҳиба розӣ намудани эшон буд. Агарчи мусоҳиба нагирифтам, вале, дар суҳбати бидуни диктофон марҳум Шарипов ба қазияи Зайд Саидов бисёр равшанӣ андохтанд ва аз ин ки ҳақ барои чоп надоданд, эҳтиромам нисбати эшон кам нашуд. Марҳум бисёр як шахсияти аҷиб буданд. Бисёр зинда ва ошкор. Ёдам ҳаст, ҳатто вақте дер занг мезадам (чун хабарнигор як реҷаи муайяни кор надорад) бо ханда мегуфтанд, ки лоақал замони дар хона будан, бигузоред, ором бошам. Баъзан мегуфтанд, ки дар рӯзи истироҳат барои нигоҳубини кӯдакон навбатдорам ё либос мешӯям. Бори аввал тааҷуб намудам. Гуфтанд, ӯ ҳам монанди мардуми оддӣ зиндагӣ дорад. Боре зимни суҳбати рӯбарӯ ин мавзӯъро дар миён гузоштам, изҳор доштанд, ки талош мекунанд дар хона дастёри оилааш бошад. Хулоса, марҳум як мансабдор ва узви ҳизби ҳоким, шахсияти аҷиб ва зинда буданд. Танҳо мансабдор ва вакиле буданд, ки дар ҷашни рақиби аслиашон аз минбар баромад карда, ҳатто он ҳизбро, ки ҳоло фаъолияташ мамнӯъ шудааст, барои фаъолият табрик карданд. Тасаввур кунед, барои ин кор он замон ҳам мансабдорон ҷуръат намекарданд. Суҳроб Шарипов хусусият ва хислати мустақилӣ доштанд. Воқеан шахси донишманд ва сиёсатмадор буданд. Мегуфтанд, ки донишро на барои дуруғ гуфтан аз худ кардаанд. Дуруст аст, ки эшон хеле ба таври дипломатӣ ба масъалаҳои ҳассос ҷавоб мегуфтанд. Ёдашон ба хайр ва ҷояшон ҷаннат бошад”.

Суҳроб Шарипов аз зумраи мансабдороне буд, ки бар хилофи одати аксари масъулини давлатӣ нотарсида мавқешро дар масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекард ва аз дастрастарин мақомдорон барои расонаҳои хабарӣ буд. Ҳоло наздиконаш дар ҳоли таҳияи китобе ҳастанд, ки аз ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва ҳамнишинони Суҳроб Шарипов нақл мекунад. Суҳроб Шарипов муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ буда, даҳҳо мақолаи илмӣ ба қалами ӯ марбут мебошанд. Дар мансабҳои гуногун, аз ҷумла мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии кишвар кор кардааст. Номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ буд ва дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 аз ҷониби Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким аз ҳавзаи рақами 3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба вакилӣ пешбарӣ шуда буд.
Мӯҳр
Баъди маргам хо бигуй хо нагуй...

Ёдаш ба хайр устоди гиромикадр Сухроб Шарифоаро, дар хакикат усод олим, сиёсатшинос ва болотар аз хама инсони поквичдону росткавл буданд, хамин хислатхои инсони уро Шахсият кард ва у хамеша дар таърих инсони ватанпарвар ёд мешавад. Устод Шамолов бетарин кайд карданд, ки У (Шарифов) илмро бисёр дӯст медошт ва илм барояш ҳама чиз буд. Рухат шод бод Устоди азиз.

Турдиали
Аз кучо дигар одами ростгуй пайдо шавад, ки хамаро пачакоша бароварданд. Хозир давр даври маддохон аст.

Darvesh
...Файласуфи шинохта Абдулвоҳид Шамолов
Muhtaram OZODAGON!!! IN SHAKHS yagon vaqt faylasuf nabud.... Malummoti ilmii kofie niz nadorad!!!!!! Avval shined kamtar bo u Suhbat kuned bad mefagmed ki u ki ast............ Dar khotir doram vaqte donishjuro dar donishgohi Omuzgori chi khel dashnom (haqorat) doda bud UFFFFFFF

darvesh ту худат чи хизмате ба илм ё чомеа кардаи.ки ба дигарон бахо медихи? Ки туро довар интихоб кардааст?Заррае хам бошад ахлоки инсони лозим аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)