Узбакистон ба аввалин намоишгоҳи молҳои саноатиаш дар Душанбе чӣ овард? (АКС)
Дар Душанбе нахустин намоишгоҳи молҳои саноатӣ ва хӯроквории Узбакистон ба кори худ оғоз бахшид.
Дар ин намоишгоҳ, ки то 20 апрел дар маркази савдои “Пойтахт-90” идома хоҳад кард, 160 навъи молу колои тавлиди Узбакистон, назири техникаҳои гуногун, доруворӣ, хурокворӣ, масолеҳи сохтмон, пойафзол ва ғайра, манзури сокинон ва меҳмонони Душанбе мегардад.
Ҷониби Узбакистон мегӯяд, бо далели ин ки теъдоди молу маҳсулот маҳдуд аст, танҳо дар рӯзи охири намоишгоҳ онҳоро ба фурӯш мегузоранд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни суханрониаш дар оғози намоишгоҳ баргузории онро натиҷаи кори раҳбарони ду кишвар дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, давоми соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 5,7 маротиба боло рафтааст.
Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон шурӯи намошгоҳро оғози марҳилаи нави муносиботи дуҷониба хонд. Ба гуфтаи вай, барои муаррифии молу коло аз кишвараш беш аз 400 нафар ба Душанбе омадааст: “Ҳоло шумо бо қисме аз он дастовардҳое, ки дар Узбакистон дорем, шинос хоҳед шуд. Бовар намоед, мо метавонем ҳар чиро ки дар ҷаҳон истеҳсол мешавад, ҳатто бо сифати хубтар истеҳсол намоем”.
Шоҳисломов афзуд, алакай дар Душанбе фурӯши мошинҳои тавлиди Узбакистон ба роҳ монда шуд ва умед мебандад, ки дар оянда ин мошинҳоро дар кӯчаҳои шаҳр зиёдтар мебинад.
Ба иттилои сафир моҳи май дар шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии Узбакистон доир мегардад: “Тирамоҳи соли равон ҳамингуна намошгоҳи Тоҷикистон ва рӯзҳои фарҳангии он дар Тошканд доир хоҳад гашт”.
Дар доираи намоишгоҳи молу колои Узбакистон рӯзи 19 апрел ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон баргузор мешавад.
Иброҳим Эргашев, раиси ширкати намоишгоҳи миллии “Узэкспоцентр”мегӯяд, дар намошгоҳ беш аз 1500 намуди молҳои Узбакистон ба намоиш гузошта шуда, дар ҳамоиши соҳибкорон 500 намояндаи доираҳои тиҷоратии кишвараш ширкат хоҳанд кард. Мазура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар пояи иттилои сафорати Узбакистон, қарор аст дар Тоҷикистон масъалаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ баррасӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои мол миёни ду кишвар 23 миллион долларро ташкил додааст: “Фикр мекунам баъди баргузории намоишгоҳи имрӯза гардиши мол миёни кишварҳо бештар мегардад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |