Имтиёзи ҳукумат барои навоварӣ дар “Роҳи оҳани Тоҷикистон”
Ҳукумати Тоҷикистон барои вуруди локомотивҳои нав ба корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сабукӣ ироа кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат, ки моҳи равон имзо шуд, “Роҳи оҳани Тоҷикистон” метавонад боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо на якбора, балки марҳила ба марҳила ба буҷаи давлат пардохт кунад: “Аз ҷумла зимни вуруди ду локомотиви магистралӣ ва як қатори дизелии мусофирбар “Роҳи оҳани Тоҷикистон” метавонад андоз ва боҷи гумрукиро марҳила ба марҳила тайи 3 сол пардохт намояд”.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки ҷадвали пардохтро риоя намуда, вуруди маблағҳоро саривақт ба буҷаи давлат таъмин намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |