Лайф: Миёни маҷруҳони садамаи Ленинград як шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст
Миёни 18 маҷруҳи садамаи мусофиркаши хурд ва КамАЗ дар вилояти Ленингради Русия як шаҳрванди Тоҷикистон низ будааст. Ин сониҳа 14 апреля дар километри 81-и шоҳроҳи Павлово—Мга—Любан— Оредеж—Луга ба вуқӯъ пайваст. Дохили мусофиркаш аксаран шаҳрвандони Осиёи Марказӣ қарор доштаанд. Эҳтимол меравад онҳо дар ширкати навсозии роҳҳо кор мекардаанд.
Торнамои “Лайф” феҳрасти афроди дар пайи ин садама маҷруҳшударо нашр кардааст. Дар ин рӯйхат Бардиев П., соли таваллудаш 1965 шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои манбаъ, 5 нафари онҳо шаҳрванди Узбакистон, 4 табааи Қирғизистон ва боқимонда шаҳрвандони Русияву Украина ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |