20 ҳазор сомонии шаҳрдорӣ барои кӯчарӯбони пойтахт
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки барои ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 20 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ кӯмак ба роҳрӯбон бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 15-уми апрел таҷлил мешавад, ироа мегардад.
Шаҳрдор масъулинро муваззаф намудааст, ки маблағи мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе ба роҳрӯбони фаъол тақдим гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |