Ӯ дар як нишасти матбуоти, ки рӯзи гузашта сурат пазируфт, аз ҷумла гуфт: "Ман тасмим гирифтам. Ин шояд ҷиддитарин тасмим дар зиндагии ман бошад. Ман дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунам. Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия қаблан Прохоров ният дошт дар интихоботи Думаи давлатӣ- палатаи поёнии парлумони ФР ба унвони номзад аз ҳизби «Кори ҳақ» (Правое дело) ширкат кунад. Аммо дар пайи як нофаҳмӣ аз раҳбарии ин ҷунбиш канор рафт ва аз тасмимаш худдорӣ варзид. Баъдан ӯ эълом дошт, ки: "Ин созмонро ғосибон гирифтаанд" ва Владислав Сурков, муовини райиси дастгоҳи президентро омили ин вазъ хонд.
Ҳамчунин, Михаил Прохоров дар нишасти хабарии созмонёфта гуфт, пас аз интихобот ҳизби наверо дар Русия таъсис медиҳад. Ёдрас менамоем, то ин замон Владимир Путин, нахуствазири ФР ва сарвари ҳаракати Ҷабҳаи Халқӣ (Народний фронт), Сергей Миронов,райиси ҳизби «Русияи боадолат» (Справедливая Россия) эълом дошта буданд, ки дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзад ширкат хоҳанд кард.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |