Ҳимояти Э.Раҳмон аз таъини Хачатуров ба ҷои Бордюжа
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз таъини Юрий Хачатуров, намояндаи Арманистон ба мақоми дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳимоят кард.
Валерий Семериков, масъули СПАД дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, имрӯз, 14-уми апрел роҳбарони ҳамаи кишварҳои узви СПАД дар Бишкек аз таъини Юрий Хачатуров ба мақоми дабири кулли ин созмон ҳимоят карданд: “Хачатуров фаъолияташро дар мақоми нав 2-юми май оғоз хоҳад кард”.
Хачатуров дар ин вазифа Николай Бордюжаро иваз кард, ки имрӯз бо нишони фахрӣ сарфароз гардонда шуд. Дабири нави СПАД 65 сол дошта, дар мақомоти низомии Арманистон то мартабаи генерал-полковник, фармондеҳи ситоди қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар расидааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои мулоқоти ғайрирасмӣ бо ҳамтоёнаш аз Русия, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон ва Арманистон феълан дар шаҳри Бишкек қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |