Ярч дар Дарвоз ҷони модари ҷавону кӯдакашро гирифт (АКС)
Бар асари лағзиши ярч дар ноҳияи Дарвоз як ҷавонзани 19-сола бо тифли 2-солааш қурбон шудаанд.
Беҳрӯз Афзалов, навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳодиса соати 10-и имрӯз иттифоқ уфтодааст. Ба иттилои ӯ, бар асари лағзиши ярч хонаи Исмоил Расулов, сокини деҳаи Камчаки ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз зери хоктӯда мондааст: “Дар натиҷа Мадина Иброҳимзодаи 19-сола ва писараш Давлат Исмоилзодаи 2-сола ҷон бохтаанд”.
Боронҳои ахир ба дигар деҳаҳои ноҳияи Дарвоз низ хисорот ворид кардааст. Аз ҷумла дар рустои Даштак бар асари фаромадани сел як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ хароб шуда, қисме аз замину боғот зарар дидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |