Раиси Душанбе ҳамкорӣ бо Узбакистон ва Русияро баррасӣ кард
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе 12-уми апрел бо Шоқосим Шоисломов, сафири Узбакистон ва Игор Лякин-Фролов, сафари Русия дар Тоҷикистон мулоқот доштааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо Шоисломов ҳавасмандияшро барои густариши ҳамкориҳо баён дошта, аз роҳандозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Тошканд ва нияти ташкили намоишгоҳи молҳои саноатии Узбакистон дар пойтахти Тоҷикистон истиқбол кардааст: “Ҷонибҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни мошинсозӣ, техникаи маишӣ, асбобҳои рӯзгор ва дигар ҷанбаҳо мароқ зоҳир карданд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, дар мулоқот бо Фролов таъкид гардид, ки тайи 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳо сатҳи навро касб карданд: “Дар ин давра шаҳри Душанбе бо шаҳри Санкт-Петербург муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, бо дигар шаҳру вилоят ва минтақаҳои Русия равобити ҳамкориро вусъат бахшид”.
Манбаъ афзуд, ки қисми бештари мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Фролов ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ҳукумати Душанбе ва субъектҳои Русия бахшида шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |