Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳое роҳ ёфт, ки дар бахши туризм пешрафт доранд
Дар раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон мавқеи 107-ро муаррифӣ мекунад.
Ин раддабандиро, ки 136 кишварро дар бар мегирад, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ таҳия кардааст.
Тоҷикистон аз 7 имтиёзи мумкин 3,2 балл гирифтааст. Давоми ду соли ахир кишвари мо аз ҷойи 119 ба зинаи 107 поин шудааст. Ба иттилои ca-news, нишондоди беҳтарин – 5,7 имтиёз-ро Тоҷикистон дар бахши “Амният” ва “Сиҳатӣ ва тозагӣ” ба даст овардааст. Нишондиҳандаи бади кишвар “Захоири фарҳангӣ ва сафарҳои тиҷорӣ” (1,3 балл), “Инфрасохтори бахши ҷаҳонгардӣ” (2,3 балл) мебошад.
Тоҷикистон ба кишварҳое ворид шудааст, ки давоми як сол ҷаҳиши беҳтарин дар бахши туризм доштаанд. Дар ин зина Тоҷикистон баъд аз Ҷопону Озарбойҷон севвум аст.
Бар асоси раддабандии рақобатпазирӣ дар бахши туризм Русия дар ҷойи 43, Қазоқистон 81 ва Қирғизистон дар зинаи 115-анд. Исми Узбакистон дар ин рейтинг нест.
Пештози раддабандӣ Испания мебошад. Фаронса дуввум ва Олмон сеюманд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |