Зани маҷруҳшудаи тоҷикро бо чархбол ба беморхона бурдаанд
Дар пайи садамаи рӯзи 12 апрел дар шоҳроҳи Варшава як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон маҷруҳ шудааст.
Шабакаи телевизионии “360” бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ин зан тавассути чархболи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба беморхона мунтақил шудааст. Табибон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.
Ин садама дар гардиши рустои Курилово ба вуқӯъ пайваста, ба иттилои шоҳидон мошин чаппа шудааст. Аммо дар бораи тамғаи мошин ва теъдоди мусофирони он хабаре рӯи даст нест. Мақомоти марбута сабабҳои сониҳаро муайян мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |