Насиҳати Р.Эмомалӣ ба ронандаҳои автобусҳои 90 000 $-ӣ
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни қабули автобусҳои нав ронандаҳоро ба муомилаи хуб бо мусофирон ва эҳтиёти воситаҳои нақлиёт даъват намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ 12 март дар Корхонаи воҳиди давлатии "Автобус-1" зимни қабули автобусҳои нав бо ронандагон суҳбат кардааст.
Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ронандагонро ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои муайяншуда, ҷалб кардааст.
Ба иттлои манбаъ, шаҳрдори Душанбе ба масъулини назорати ҳаракат дар роҳҳо дастур додаааст, ки ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобусу троллейбусҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба қоидавайронкунӣ дар хатсайрҳо ва танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu»-ро тақрибан 90 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта, барои қиёс илова намудааст, ки нархи як адад автубуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Русия , ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллар мебошад: “Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад”.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 40 адад автобусҳои нави мусофиркашонии тамғаи «Isuzu» барои хизматрасонӣ ба мусофирон вориди Душанбе шуда, боз 24 адади дигари онҳо ояндаи наздик ба пойтахт интиқол дода мешаванд. Автобусҳои нав дорои 26 ҷои нишаст буда, имкони ғунҷондани 70 мусофирро доранд.
Манбаъ афзӯд, дохили автобус бо камераҳои мушоҳидавӣ ва таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти гармидеҳ ва сардкунанда муҷаҳаз мебошад: “Ба мусофирон шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё гардида, барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд, бахусус маъюбон барои ворид шудан бо аробачаҳои маъюбӣ шароит фароҳам оварда шудааст”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, автобусҳои нав пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба рӯзи 15-уми апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд ва рӯзи аввали фаъолият ба мусофирон ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Ба иттилои манбаъ, пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷадид ба мисли пештара сурат гирифта, дар муддати 1,5-2 моҳи оянда дар нақлиёти мусофирбари пойтахт низоми нави пардохти роҳкиро ба воситаи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |