Тибқи иттилои Бахтиёр Назаров, сардори раёсати молияи мақомоти иҷроияи шаҳр, дар 10-моҳи имсол музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 8-миллиону 746 ҳазору 448 сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 5-миллиону 654 ҳазору 004 сомонӣ ва соҳаи фарҳанг 601 ҳазору 210 сомониро ташкил додааст, ки ба миқдори беш аз 99-фоиз маблағгузорӣ гаштаанд. Назаров мегӯяд, раёсати молия кӯшиш мекунад, ки маоши ин кормандони ин бахшҳо сари вақт пардохт гардад. Замони ахир бо иҷрои барзиёди нақшаи ҷамъоварии андози давлатӣ хазинаи буҷаи маҳаллӣ ҳам ғанӣ мегардад ва дар ҳамин маврид, маблағгузории ташкилотҳои буҷавӣ низ сари вақт зиёд мегарданд.
Гузашта аз ин, барои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ маблағгузорӣ барои гармидиҳӣ дар фасли сармо низ дар соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ, ки дар маҷмӯъ 192.300 сомонӣ будааст, аллакай 100-фоиз таъмин гаштааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи Назаров, кормандони раёсати молия баъди пардохти маблағ барои зимистонгузаронӣ, ба муассисаҳо рейди махсус мегузаронанд, то маблағи ҷудошуда дар ҳамин самт равона бошад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |