Таъсиси бахши адабиёти форсӣ дар китобхонаи Лоҳутӣ ва даъват аз шаҳрвандон
Дар Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе Шуъбаи тозатаъсиси адабиёти форсӣ ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин бораи директори ин Китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор ба “Озодагон” иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки ин шуъба бо эҳдо шудани нусхаҳои китобҳое бо хатти форсӣ аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳоло ба иттилои директори Китобхона ин шуъба бештар аз ҳазор нусха китобҳои гуногуне ба хатти форсӣ дорад: “Интизор меравад рӯзҳои наздик 500 номгӯй китоб аз ҳавзаи фарҳангии Афғонистон низ дастрас гардад ва дӯстдорони хати ниёкон метавонанд аз ин шуъба фаровон истифода кунанд”.
Ҳамчунин директори Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ аз шаҳрвандони кишвар низ хост, ки дар ғанӣ гардондани ин шуъба саҳм бигиранд ва агар китобҳое бо хатти форсӣ дошта бошанд метавонанд барои ин шуъба таҳвил бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |