Бахшҳо
12 апр 2017 14:40Тоҷикистон / Тема дня

Шаҳрдорӣ: Автобусҳои нави Душанбе як рӯз ройгон хизмат мерасонанд

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, мусофиркашҳои нав, ки шаби гузашта вориди пойтахт шуд, аз 15 апрел ба хизматрасонӣ шурӯъ мекунанд.

Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 11 апрел дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар рӯзи аввали фаъолият, ки ба Рӯзи пойтахт рост меояд, истифода аз онҳо ройгон хоҳад буд.

Ӯ афзуд, ин мусофиркашҳо аз кӯчаҳои марказӣ ба ҳаракат оғоз намуда, бо дастури шаҳрдорӣ баъди ду моҳи пардохти нақдӣ ба хизматрасонии электронӣ мегузаранд: "Дар ҳар автобус се таҷҳизоти электронӣ насб мегардад”.

Ҷаноби Саидзода гуфт, мусофирон вобаста ба масофаи ҳаракат ҳаққи роҳкиро пардохт хоҳанд кард, ки як навъ сабукӣ барои шаҳрвандон мебошад.

Шаҳрдории Душанбе 40 адад мусофиркаши тамғаи “ISUZU”-ро аз Туркия харидорӣ кард ва ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли равон корвони дуюми мусофиркашҳо низ ба пойтахти кишвар хоҳад расид.

Қурбон Саидзода изҳор дошт, бо мавриди истифода қарор гирифтани мусофиркашҳои нав, автобусҳои ба талабот ҷавобгунабуда комилан аз хатсайрҳо бардошта мешаванд.


Акс аз "Азия Плюс"
Мӯҳр
Бехтарин икдоми раиси шахри Душанбе. Барои пиёда намудани чунин накшахо ва аз болои онхо назорати мутамарказ нишон додани раёсати шахри Душанбе дар рузхову мохои баъди ба бехбудии харакати наклиёт дар Пойтахт хохад гашт. Умедворем, ки проблемахои мубрами пойтахт мунтазам халли худро хоханд ёфт.

Офарин! Ана иро меганд Шахрдори иро мегуянд гамхори нисбати халку миллат!

Ташаккур ба шаҳрдори ҷавонамон. Худо ӯро аз чашми бад нигаҳ дорад.
Лекин як чиз бояд ҳатман қайд гардад. Ронандагон ва пулчинакҳо бисёр дағал ва бесаърифатанд. Бо онҳо бояд курсҳои махсуси одоби муошират бо мусофирон ва масъулиятшиносӣ гузаронида шавад. Онҳо сари ҳар қадам автобусро боздошта: "...апашка биё; боби биё; таға биё, СУМ, Қараболо, 82, Зарафшон биё!" гӯён, ба асаби мусофирон мерасанд. Ба онҳо чизе гуфта намешад, ба сарат дод мезананд. Автобусҳо бояд дақиқа ба дақиқа аз рӯи ҷадвал гарданд. Баъд масъалаи билети роҳкироро ҳам дидан даркор, ки пул ба кисаи ким-киҳо наравад. Агар автобусу троллейбусҳо зуд-зуд рафта биоянд, касе ба маршруткаҳо намешинад. Маршруткаҳо аз ҳад зиёд шудаанд. Онҳо қариб ҳама вақт қоидаҳои роҳро вайрон мекунанд. Дар дуюм хати роҳ истода одам фароварда, одам мегиранд.

хамин автобусхо дар хар як астановка маьн мекарда бошан ёки сохти машрутка хамичада маьн кун ягончо маьн кун безор шидем рох гаштан пиёда дар кор аст.

А к
ОфаринAlisher,
Alisher,

Мусофир
Пардохти электронй хуб аст, аммо имтиёздорон чй гуна ворид мешаванд? Ё чиптачинхо мемонанд?

Солех
Гуфтам-ку Рустами Эмомалй метавонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)