Андоз аз кишоварзон барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии лаблабу

Аз хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Балкани Туркманистон, ки натавонистаанд нақшаи давлатиро иҷро кунанд, андоз ситонида мешавад.
Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дасти кам даҳ хоҷагии деҳқонӣ огоҳинома гирифтаанд, ки ба далели иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии лаблабу ба давлат бояд аз 500 то 1000 манат (наздики 142-285 доллар) супоранд.
Яке аз кишоварзони иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Сардори Балкан гуфт, ҳукумати ноҳия ба онҳо ҳушдор додааст, ки агар маблағи таъйиншударо насупоранд, аз ҳаққи истифодаи заминҳои худ маҳрум шуда, эҳтимол аст ба додгоҳ низ кашида шаванд.
"Имрӯз наздики 30 кишоварзи хоҷагиҳои деҳқонии Гарабогаз ва Тутлӣ намедонанд, ки чи кор кунанд. Аз якеашон 500 ва аз дигарӣ 1000 манатӣ талаб доранд. Имсол мо даромад надоштем, баръакс зарар дидаем. Ин дастурро чи гуна иҷро кунем", - афзуд як кишоварзи маҳаллӣ.
Ба гуфтаи кишоварзон, тухмии бесифате, ки давлати Туркманистон барои онҳо ҷудо мекунад, ба коҳиши ҳаҷми ҳосил ва сифати пасти маҳсулоташон сабаб хоҳад шуд.
Хабари ҷамъоварии андоз аз кишоварзон барои иҷро накардани нақшаи давлатӣ дар расонаҳои расмӣ дида намешавад. Талошҳои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ низ барои гирифтани назари мақомоти ноҳияи Сардор дар ин замина бенатиҷа буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |