Сухангӯи Вазорати дифоъ: Агар Ҳалимов воқеан бемор бошад, аз артиш озод мешавад
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, аз қазияи Сайёд Ҳалимов, як сокини шаҳри Ҳисор огоҳ аст ва онро пайгирӣ мекунад. Наздикони Ҳалимов иддао доранд, ӯ бемор аст ва кормандони Комиссариати ҳарбӣ бо зӯр вайро ба артиш ҷалб карданианд.
Бадриддин Сафаралиев, бародарзодаи Сайёд душанбеи 11 апрел дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, кормандони комиссариати ноҳияи Ҳисор ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта оварда буданд. Мо гуфтем, ки ин касал аст, аммо гӯш накарданд. Санҷиши тиббӣ бемор будани ӯро собит кард ва барояш билети ҳарбии “ноқобил” доданд”.
Сафаралиев мегӯяд, аммо ин навбат духтур хулоса додааст, ки Сайёд сиҳат аст ва баъди чанд соат ӯро аз Комиссариати Ҳисор ба Душанбе овардаанд: “Ӯ як одами бемор аст. Дасташ низ хуб нест, чанд маротиба шикаста аст”.
Дар ҳамин ҳол, Фаридун Маҳмадалиев имрӯз, 12 апрел ба “Озодагон” гуфт, агар дар пайи ташхиси табибон собит шавад, ки ӯ воқеан бемор аст, аз хизмат озод мешавад. Вай афзуд, баъзе бемориҳо табобатшаванда ҳастанд ва баъди сиҳат ёфтан ҷавон дубора ба артиш даъват мешавад: “Вале агар даъватшанда нобино, ношунаво бошад, як гурда надошта бошад ва ба амсоли ин бемориҳои табобатнашаванда гирифтор бошад, аз хизмат пурра озод мегардад”.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ, бар асоси муқаррарот кормандони комисариат аз ҳудуди комиссарият намебароянд. Даъватномаро намояндаҳои ҷамоат, маҳалла бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мунзили даъватшавандаҳо мебаранд ва шаҳрванд ҳуқуқи ба тағйир андохтани онро надорад: “Шаҳрванд баъди гирифтани даъватнома бояд ба комиссия ҳозир шавад. Баъди даъват намудан, якбора ба хизмат намебаранд, аввал муоина мекунанд, аз ташхис мегузаронанд, комиссияи даъватӣ бо ӯ суҳбат мекунад ва дар сурати қобили хизмат набудан дар асоси қарори раиси комиссияи даъватӣ ба табобат фиристода мешавад ва ё бо дарназардошти вазъи саломатӣ пурра аз уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ озод мегардад”.
Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ки бародарзодааш Сайёд Ҳалимов ягона саробони оилаашон мебошад. “На падар дорад ва на модар. Се фарзанд ҳастанд, ки онҳоро ӯ бо бибияш нигоҳубин мекунанд. Падараш соли 1998 аз олам гузашт ва модараш онҳоро партофта рафтааст. Дигар касе надоранд”,-таъкид намуд ӯ.
Дар акс: Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |