Қасди Алишер Усмонови олигарх барои ба додгоҳ кашидани Навалний
Алишер Усмонов, олигархи узбактабори Русия тасмим дорад, Алексей Навалний, мухолифи сарсахти ҳукумати Путинро ба додгоҳ бикашад.
Усмонов ба пойгоҳи хабарии ТАСС гуфтааст, ин тасмим ба тадқиқоти ахири Навалний дахл дорад, ки бо туҳмату буҳтон шаъну шарафи ӯро паст задааст. “Навалний одамонро ба гумроҳӣ меандозад ва далелаш туҳмат аст. Ман муддати хеле зиёд ба изҳоротҳои дуруғини ӯ аҳамият намедодам, то барояш пиар нашавад, аммо бо туҳматномаҳои ахираш, ки маро дар анҷом додани ҷиноят муттаҳам кард, хатти қирмизро убур намуд. Дар ин робита Навалнийро ба додгоҳ мекашам ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунам”,-гуфтааст ӯ.
Ба иддаои миллиардери рус Навалний ҳаққи онро надорад, ки ӯро дар ҷиноят муттаҳам кунад, чун корҳояш шаффоф ва қонуниянд.
Аввалҳои моҳи март Фонди мубориза бо фасоди Навалний таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар истифодаи хазинаҳои хайриявӣ муттаҳам мешуд. Дар он таъкид мешуд, ки ҳамсабақи Медведев Иля Елисеев ва фонди марбут ба ӯ – “Соцгоспроект” аз Алишер Усманов дар рустои Знаменск қитъаи замин ва хонаҳои гаронарзишро соҳиб шудааст.
Алексей Навалний рӯзи 26 март ҳангоми эътирози ҳазорон нафар алайҳи коррупсия дар пойтахти Русия аз сӯи пулис боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Твери Маскав баъди як рӯз ӯро дар баргузор намудани гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба 15 рӯзи ҳабс ва 20 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |