Бахшҳо

Сокинони Обигарм: Як моҳ мешавад дар масҷид зиндагӣ дорем

Бархе аз сокинони маҳаллаи маъруф ба “Дача”-и шаҳраки Обигарм мегӯянд, бештар аз як моҳи пеш манзилҳояшон қисман зери ярч монд ва аз он замон дар масҷид зиндагӣ доранд.

Мавзигул Бобиева, як сокини ин маҳалла имрӯз, 10 апрел ба “Озодагон” гуфт, 3 марти соли равон дар пайи боришоти зиёд хонаҳояшон зери обу хок монд ва онҳоро дар масҷиди ба номи “Асо”-и шаҳраки Обигарм муваққатан маскун намуданд. Ӯ афзуд, “ба намояндагони шаҳри Роғун муроҷиат кардем, омада вазъияти моро бо чашми худ диданд. Гуфтанд ки инҷо макони хавфнок асту шумо зиндагӣ ихтиёр кардаед”.

Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи хонум Бобиева, аз соли 2004 дар ин макон зиндагӣ доранд ва касе ба онҳо ҳушдор надода буд, ки инҷо минтақаи барои зиндагӣ хавнок аст: “Танҳо ҳоло омада ин гапҳоро мегӯянд. Агар дар вақташ ба мо барои сохтани манзил қитъаи замин ҷудо мекарданд, ин ҷо намеомадем”.

Мавзигул Бобиева мегӯяд, дар ин маҳалла наздики 30 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад ва баъди ярч дар хонаҳои хешу табор ё масҷид зиндагӣ доранд. “Дар ҳамин масҷид наздики 50 зану кӯдак ва занҳои ҳомила ҳастанд. Кӯдакон қариб як моҳ мешавад ба мактаб нарафтаанд”,-изҳор дошт вай.

Замира Исматова, як сокини дигари маҳалла гуфт, зиндагиашон хеле душвор аст ва ба маводи ғизоӣ ниёз доранд: “Намедонем куҷо равем. Инҷо занҳои ҳомила, кӯдакони хурд ва маъюбон ҳам ҳастанд”.

Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Саид
Раисони мо факат кор чашн гирифтани Навруз! Охир он хама консертхову пулхои харч намуда дар раксу сурудхову корхои бехударо намешуд, ки ба ин мардум кумак мекардед?!

Точ
Ин гамхории давлат ба шахрвандон

Пурдил
ОЗОДагон навиштаи ман на бар зидди хукумат буд на бар зидди ниходи хукуматие, ки аз тарс чопаш накардед?! Танхо як насихате ба Худогурезон буд, ки чаро аз масчид метарсад дар холе, ки хамин масчидхо дар рузхои тангдасти паногохи мардум шуданду мешаванд?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)