То 1500 сомонӣ. Таъини ҷазо барои пинҳон намудани душаҳрвандӣ...
Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон афроде, ки ба мансабҳои давлатӣ интихоб ё таъин мегарданд ва шаҳрвандии давлати дигар доштани худро пинҳон мекунанд, муҷозот хоҳанд шуд.
Аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, Шӯрои палатаи поёнии парлумон тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро имрӯз, 10 апрел дар як ҷаласа баррасӣ кардаанд. Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шудааст, Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Кумитаи маҷлис оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ҳадафи ин тағиру иловаҳоро “пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст” унвон намудааст.
Ба гуфтаи Насриддинзода, дар робита ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид: “Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар: Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 50 сомонӣ муайян гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҷонибдорӣ намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |