Бахшҳо
08 апр 2017 10:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бонки миллӣ сабаби болоравии долларро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллар дар рӯзҳои ахир аз кулли шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор даъват намудааст, ба ҳаргуна овозаҳо бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд.

Ин ниҳоди молӣ дар як иттилоияи расмӣ гуфтааст, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст. Ба итиилои манбаъ пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд: “Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро яку якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ, сабаб гаштааст”.

Бонки миллӣ мегӯяд, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо, ҳатман ба худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд: “Айни замон, ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд”.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки вазъи бозор ва ба эътидол овардани онро дар якчоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зери назар дорад: “Барои ин, захира ва имконияту воситаҳои кифоя мавҷуд аст ва айни замон кам гаштани таъсири омилҳои номатлуби мавсимӣ ва пайдо шудани шароит ва омилҳои ба суботи бозори дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ таъсиррасон мушоҳида мегарданд”.

Бонки миллӣ аз сокинони кишвар даъват кардааст, аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ намуда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 8 апрел қурби миёнаи фурӯши 100 доллари ИМА дар бозори нақд то 858 сомонӣ расидааст. Аз ҷумла бонки Эсхата дар Душанбе имрӯз қурби 100 долларо 857-858 сомонӣ, ва 100 рубли русиро 150-152 сомонӣ муқаррар кардааст. Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро барои ҳисобгирии муҳосибӣ имрӯз мутаносибан 0,1498 ва 8,3985 сомонӣ муқаррар намуда, арзиши як евроро 8,9276сомонӣ нишон додааст.
Мӯҳр
Муллоафанди
Доллар 900 шуд...Хесетед,ки хобед!

Мухочир
Хамин вазъият охирхои солхои 2015 буд ва ба фармони раиси бонки милли тамоми фаъоляти мубодилаи асъоро маън кардан ки зиёда 1800 нуктаи мубодилаи асъоро маън кардан ки ба бучаи давлат хело маблаги калон ворид мешуд сабабаби болорави долларо аз нуктахои мубодилаи асъор медонистан имруз гунохро ба ки бор мекарда бошанд

$ 915
somoni boshad be qadr shuda istodaast

Барои болоравии курби доллар ва муфлисшавии баъзе бонкхои чумхури масъулон ва кормандони Бонки милли 300% гунахгоранд. Окибат ба хайр шавалд................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)