Бахшҳо

ВКД: Иҷро накардани вазифаи касбии табиб сабаби марги ноболиғ шуд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як табиб хабар дод, ки дар пайи “хунукназарӣ”-аш ноболиғи 2-сола ба ҳалокат расидааст.

Торнамои расмии ин ниҳод менависад, ин табиби 42-cола рӯзи 12 марти соли равон вақте дар шӯъбаи қабули яке аз беморхонаҳои кӯдаконаи вилояти Суғд навбатдор будааст, як духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро наздаш меоранд. Ҳангоми муоинаи тиббӣ духтур муайян кардааст, ки ноболиғ гирифтори бемории илтихоби шадиди шушҳо бо варамии майнаи сар мебошад: “Духтур воқеан муҳтоҷи табобат будани беморро фаҳмида, ба иҷрои вазифаҳои худ бепарвоёна ва беинсофона рафтор намудааст. Бар хилофи тартиби муайянгардидаи соҳавӣ, барои бистарӣ намудани хурдсол чора наандешидааст”.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа духтарчаи хурдсол, бинобар сари вақт табобати зарурӣ нагирифтан 14 март вафот кардааст. “Табиб бо гумони иҷро накардани вазифаҳои базиммадоштааш дастгир шуда, нисбати вай парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.
Мӯҳр
Точ
Пул надорад табобат намекунанд.Одаму одамгари намондааст—афсус, йо ин ки таъсири демократия аст.

бемор
одамгари намондаст,худованд ч,азота дих,ад...

Гариб
Точ,
Ба сарлавха не, ба худи матн диккат дихед. Дар матн омадааст, ба ГУМОНИ ичро накардини вазифаи касбиаш...
То он замоне ки аз тарфи ПИЗИШКИ КОНУНИ (гурухи табибон, ки барои баррасии парвандахои марбут ба доираи кории пизишкон ва фаъолияти дармони аз тарафи макомоти дахлдор ташкил дода шудааст), гунохи ин духтур собит нашавад, у гунахгор НЕСТ!!!

Шумо аз захмати пизишк, аз ранчхояш ва аз шароити зиндагияш чи медонед, ки санги маломат мезанед?! Имруз камтарин маошро дар чомеаи мо, духтур ва муаллим мегирад. Духтуре ки наздик ба 10 соли умрашро сарфи илмомузи мекунад ва сохиби касби пурхатар ва бо мизони хатои боло мешавад. (high risk & high error rate)
Дар холе ки касбхои дигар бо соли тахсилии камтар ва мизони хатари камтар, сохиби маошхои болотаранд...

Касди пешдовариро надорам, вале дар ин хабар, пизишкро дар ташхисаш НЕ, балки дар бистари накардани бемор, айбдор мекунад. Аз кавонини бемористонхои Точикистон огохии комилро надорам, лек дар он чое ки ман зиндаги ва фаъолият мекунам, кори як духтур ташхис ва додани номаи бистари ба кабулгохи бемористон аст. Кабулу бистари кардан тибки конунхои бемористон сурат мегираду иртиботи мустаким бо пизишк надорад, масалан мумкин аст, бахси моли барои бистари шудан ба вучуд биёяд, ки дар ин маврид бо раёсати бемористон мавриди бахс карор медиханд, на бо пизишк. Боварнокарданист, ки пизишк сахтарин кисмати кор, яъне ташхисро дуруст дода бошаду дар идома сахлангори карда бошад. Шояд шояд шояд кавонини он бемористон далели асли бошад?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)