Бахшҳо

“Стоянкаҳо”-и яксомона қонуниянд?

Вақте гузаштам, ҳарфе нагуфт, аммо замони баромадан ресмонро баланд бардошт ва гуфт: “Таға, як сомонӣ те”...


Чанд рӯз қабл ба Маркази тиббии ҷумҳуриявии Қарияи Боло, ки дар пойтахт асту ба он корафтодаҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар меояд, рафтам. Дар бари ҷониби ғарбии Марказ мошинроҳе ҳаст, ки он ҳам аз тарафи пиёдагардон истифода мешуду ҳам аз ҷониби мошиндорон. Дидам, ки ба он роҳ ресмоне кашида, нафаре нишастааст. Вақте гузаштам, ҳарфе нагуфт, аммо замони баромадан ресмонро баланд бардошт ва гуфт: “Таға, як сомонӣ те”. Гуфтам, чаро ба ту ман як сомонӣ медодаам. Шарҳ дод, ки: “Ин ҷо стоянкаи пулакӣ аст”.

Ростӣ, дар ҳайрат афтодам, охир ин роҳ аст, роҳи ҷамъиятӣ! Дар асоси кадом фармон ва ё рухсатнома ту ин ҷо фаъолият мекунӣ? Гуфт, “стоянка” соҳиб дорад. Соҳибаш авлоди раиси ҳамин беморхонаи Қаро Боло мебошад. Пулашро додам, зеро ӯ як нафари иҷрокунанда асту бас. Ӯ танҳо маъош мегирад. Вале ҳайрати ман меафзуд ва намефаҳмидам, ки чӣ тавр роҳи ҷамъиятӣ, ба қавли мардум, роҳи Худоро мошинсаройи (аз назари ман “таваққуфгоҳ” аз ҷиҳати талаффуз мушкилтар ва носуфта аст ва сарой ба мазмуни “истгоҳ” асрҳо ин сӯ ба шакли “корвонсарой” истифода мешавад) пулакӣ кардаанд. Мошинсаройи пулакӣ бояд на дар роҳи мардум, балки дар ҷойи алоҳида, ки ба ҳеч кас халал нарасонад, сохта шавад. Аммо дар Маркази тиббии Қарияи Боло ҳатто роҳи ҷамъиятиро ба мошинсарой табдил додаанд. Ва ин ба қавли он коргари ин ҷо, “стоянка” аз роҳи ҷамъиятӣ, қаблан ин ҷо буд, чӣ фарқ дорад? Фарқаш дар он аст, ки чор мошин шағал партофтаанду роҳро бо таноб бастаанд. Боз фарқи дигар дар он аст, ки як тарафи ин роҳро бастаанд! Сабабаш маълум аст: соҳибони нақлиёт пул надода, аз дигар тарафи роҳи бересмон нараванд!

Ман дар ҳайратам, ки чунин мошинсаройро дар роҳи ҷамъиятӣ кӣ рухсат дода бошад? Агар сарварони Марказ бошанд, онҳо ба фикри ман ҳаққи чунин рухсатдиҳиро набояд дошта бошанд, чунки ин роҳ ба ҳудуди беморхона дахл надорад ва ҳатто дахл дошта бошад ҳам, он роҳи ҷамъиятӣ аст, на майдон барои мошинсарой!

Моҳе пештар ба бозори машҳури яклухти (“оптовый) Корвон рафтам ва он ҷо ҳам мошинро дар майдони васеи назди бозор гузоштам. Ҳангоми баромадан нафаре наздам омад ва гуфт ин ҷо “стоянка” аст ва ман бояд 2 сомонӣ диҳам. Фаҳмондам, ки моҳе пештар ин ҷо арзиши истгоҳ барои мошин як сомонӣ буд ва чаро имрӯз ду сомонӣ. “Ака, ин нархро мо нагузоштаем. Моро “налог” “ҷқидестай”. Фаҳмидӣ?”,-гуфт ӯ. “Хуб, суханат дуруст, андоз шуморо фишор медиҳад ва шумо мо, мизоҷонро. Ҳамин хел?”–пурсидам. Аз ҳарфи ман чизе нафаҳмид ё фаҳмида бошад ҳам, худро ба нодонӣ зад.

Ҳайратовари кор дар он аст, ки дар ин “стоянка” ақаллан ҳамон таноби дар мошинсаройи Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ ҳаст, набуд. Майдон мумфарш ҳам нашуда буд ва ақаллан ҳамвор ҳам накардаанд. Пас барои чӣ онро “стоянка” номида, аз мардум пул мегиранд? Баъд чаро дар аксар ҷо як сомонӣ, вале дар бозори яклухти Корвон ду сомонӣ? Оё ин пулчинӣ қонунист?

Аслан, дар ҳама кишварҳое, ки будам, мошинсаройи назди бозорҳо бепул аст, чунки соҳибони бозор хуб медонанд, ки ҳар муштарӣ агар ба бозори онҳо дарояд, ба як не, ба садҳо доллар харид мекунад. Бинобарин онҳо аз баҳри як долларе, ки харидор ба мошинсаро медиҳад, мебароянд. Аммо дар бозорҳои мо бо ҳар роҳе бошад, қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ, ба ҷайби мизоҷ даст мезананд.

Як хатои бузурге, ки ҳангоми сохтумони бозорҳои бузург мегузарад, насохтани мошинсаройҳои махсус аст. Зеро медонанд, ки тоҷик ҳеч гоҳ барои як сомонӣ баҳсу талош намекунад ва барои ӯ шарт нст, ки мошинсаро мумфаршу ҳамвор ва амнияти мошинаш таъмин бошад...

Ҳар замоне ба мошинсаройҳои пойтахт корам афтад, ба ёдам як пора сафарам ба иёлати Вирҷиниёи Амрико, ки дар шафати шаҳри Вашингтон ҷойгир асту дар он ҷо дӯстам Абдуманнон зиндагӣ мекунад, мерасад. Боре вақти намози зуҳр буду мо дар манзилаш менишастем. Гуфт, дар ҳамин хона мехонем ва ё ба масҷид меравем? Посух додам, ки дар масҷид афзалтар аст. Ӯ таъкид кард, ки ибодатгоҳи шаҳр тахмин бист километр аз марказ берун аст. Пурсидам, ки воқеан он масҷид ба шаҳр мансуб бошад, пас чаро онро дар канори шаҳр сохтаанд ва ё барои он ки саҷдагоҳ аз мусалмонон аст, ин гуна қарор кардаанд. Дӯстам сабаби ба канори шаҳр бурдани саҷдагоҳи мусалмононро шарҳ дод, ки ин ҷо ягон хел маҳдуд кардани ҳуқуқи диндорон нест, балки риояи қонун асту бас. Абдуманнон нақл кард, чанд сол қабл вақте онҳо ба ҳукумати шаҳр барои ба масҷиди оянда замин ҷудо кардан ариза навиштанд, аз ҳукумат нахуст пурсиданд, ки чанд нафар аҳли ибодат хоҳанд шуд. Ҷавоб доданд, ки тахмин 200 нафар хоҳишманди бунёди масҷид ва аҳли ибодатанд.

Намояндаи ҳукумат ба онҳо фаҳмондааст, ки ин тавр бошад, ҷойе ёбед, дар он ҳам барои дусад кас масҷид сохта шавад ва ҳам барои дусад нафар мошинсарой. Агар яке аз ду шарт иҷро нашавад ҳам, рухсати масҷидсозӣ намедодаанд. Ҳамин тавр, замине ки дар он ҳам масҷид бино ёбаду ҳам мошинсарой барои дусад нафар сохта шавад ва аз ҳама муҳимаш нисбатан арзон бошад, танҳо дар канори шаҳр ёфт шудааст.

Аҷиб он буд, ки ба ин масҷиди шаҳр барои ибодат мардуми мусалмон аз шаҳру шақракҳои атроф, ки дар дурии то 50 километр ҷойгиранд, ба панҷ намоз меомадаанд. Баъд донистам, ки на танҳо масҷид, балки ҳар биное, ки дар шаҳрҳо сохта мешаванд, бояд пеш аз ҳама зарфият ва ё ғунҷоиши онҳо ба ҳукумат таслим карда мешавад, яъне, агар фурӯшгоҳе созед, шумо бояд шумораи коргарони он ва шумораи тахминии муштариёне, ки ба он ҳар соат меоянд, ба инобат гирифта, барои онҳо аввал сохтумони маошинсаройро ба ҳисоб бояд гиред. Яъне, ҳамон усули сохтумони масҷид аст.

Аммо ҳоло дар Душанбе биноҳое месозанд, ки онҳо то 20–30 қабат ба осмон мераванд ва дар онҳо то садҳо ва ҳатто ҳазорҳо оила зиндагӣ мекунанд ва ба фурӯшгоҳҳову идораҳои дар онҳо кушодашаванда садҳо мизоҷон меоянд. Оё ҳамаи ин оилаҳо ва мизоҷонро ба инобат мегиранд? Мегиранд, аммо на дар ҳамааш. Масалан, Беморхонаи ҷумҳуриявии “Истиқлол”-и Душанбе ба наздикӣ ба истифода дода шуд. Хубии ин маҷмаа дар он аст, ки мошинсаройи ба талаботҳои замон мувофиқ бунёд шудааст. Аммо...

Аз матбуот фаҳмидем, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар духтуру парастору коргар будаанд ва ба замми ин корафтодаҳои зиёд меоянд. Аммо мошинсарой барои ҳамагӣ 300 мошин...

М. СИДДИҚЗОДА
Мӯҳр
Махмудчон
Рахмат бародари азиз ба ин душворие ки ба хамаамон маьлум аст руи когаз овардед. Умедворем ки ояндаи наздик хуб шавад.Вакте ба фурудгохи Душанбе меои дар тафакувгох 2- сомони мегиранд ва хубиаш он ки дар гирифтани 2-сомони расид е ин ки ( чек) медиханд ва чандборе корат дар як руз дар ин тафакувгох афтад дигар пул намегирад барои даромаду баромад Аммо дар бозори ш.Хисор дар хар боре ки дарои дар хар даромадгох посбон дорад ва 1.сомони мегирад.

Мох,
Дуруст кайд кардед,,мисли Кара боло "Мед городок"-(Шахарчаи тиббй) хам хамин хел рохи назди беморхона махкам бо сим,,,1 сомон мегиранд,мумкин бо хамин рох зиндагишона пеш мебаранд,,....

Салом
Акаи Сидикзода бехтарин суханхоро гуфти вале каме баъд хама фаромуш мекунанд ва стоянка якбора 3 сомон мешава меган долар кимат шидаи

ОЗОД
Дар хамаи шахру нохияхо ахвол чунин аст. Дар миёни чор дарьё тахтабандам кардаи. Боз мегуи дОман тар макун хушёр бош
.

Аҳсан бародар, бисёрҳам нуқтасанҷ будастед. муҳтарам архитекторҳои шаҳр ба инобат гиретон

Хайрон
Ин беспределиро аз ки ед гирифта бошанд? Ки ба онхо чунин ичозат медихад?

мо низ дар ноҳия Қубодиён дар чунин ҳоллат афтодем ки дар як сомони мегирад аммо ронанда амакам буд ман хостам бо онҳо даргир шавам аммо иҷозат надодан .. воқеъан друст аст моқомот барой чи пеши чунин шахсони ғайри одиро чизе намегуяд.. Тааҷуб аст ки дар роҳ маблағ ситонанд аз шарвандон дар ҳоле ки барой роҳ як сола ҳуҷат мекунем ин друст нест.. бояд ВКД пеши ин коро гирад

хакдор
гур сузаду дег чушад

Дар давлатхои тараккикарда хатто дар назди бинохои истикомати майдончахои кудакона сохта шудааст, ки дар зери он таваккуфгох аст. Дар мо, ки 93 фоизи масохати кишвар кух аст, хатман бояд чунин сохтмонхо ба рох монда шавад!!!!

Факат дар Душанбе нест ин вазъият дар шахри Хучанд низ вучуд дорад. Дар назди бозорхо ваё ягон марказхои чамъияти мошинро монди дар канори рох вакти рафтан одам пайдо мешавад ва талаби пул мекунад.

Аҳсан Беҳтарин таҳқиқот ба зоҳир ончи гуфтед муҳим наменамояд вале дар ҳақиқат як мушкилие аст, ки бештар сабаби ҷангу ҷанҷол ва нороҳатии мардум мегардад. Худи имруз ман барои андоз супоридан рафтам ва бовар кунед тақрибан як соат барои мошинам ҷой кофтам дар охир асаби шуда як ду киломерт мошинро дур монда омадам вале мутаасифона хазина банд шуда боз баргаштам. Бояд атрофи ин масала чора андеши шавад ман умедворам,ки Раиси нав роҳи ҳали ин мушкилиро меёбад. Дигар масала ва ё ноадолати ин аст, ки ҳамут "стоянка" ҳеҷ ҷавобгу нест зеро дар фасли баҳор ки борон зиёд борад мошинҳам монда намешад. РАҲМАТ БАРОДАР СИДДИҚЗОДА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)