Боздошти 8 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар таркиши Петербург
Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия зимни натиҷагирӣ аз амалиёт барои боздошти ҳамдастони эҳтимолии Акбарҷон Ҷалилов дар Санкт-Петербург ва Маскав аз дастгир шудани 8 нафар хабар дод.
Ӯ аз ин афрод, Сайфуллоҳ Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муидинов, Баҳром Ергашев, Азамҷон Маҳмудов, Маҳамадюсуф Мирзаалимов, Шоҳиста Каримова ва Содиқ Ортиқов ном бурд.
Торнамои “Ъ” бо такя ба манобеаш навиштааст, бештари боздоштшудаҳо ҳамшаҳрии Ҷалилованд.
Қаблан, Кумитаи тафтишот аз дастгир шудани шаш шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд.
3 апрел дар дохили вагони метро дар байни истгоҳҳои “Сенная площадь” ва “Технологический институ” таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки дар пайи он 14 нафар ба ҳалокат расида, 45 тани дигар маҷруҳ гардиданд. Мақомоти тафтишотии Русия эълон кард, шахсияти маргталаби эҳтимолиро муайян кардааст. Аз ӯ Акбарҷон Ҷалилов, як зодаи 22-солаи Қирғизистон ва шаҳрванди Русия ном бурданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |