Душанбе: Боздошти марди 48-сола бо калушҳои нашъадор
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Тоҷикобод хабар дод, ки дар калушҳояш маводи нашъадорро пинҳон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук маъмурини ин ниҳод манзили иҷораи ин марди 48-соларо дар Душанбе мавриди бозҷӯӣ қарор додаанд: “Аз хонааш як ҷуфт калӯши резинӣ дарёфт карда шуд, ки дар дохилашон ду бастаи селофании ҳомили 906 грамм ҳашишро нигоҳ медоштааст”.
Хадамоти гумрук афзуд, ки алайҳи муттаҳам бо моддаи 200 қисми 3 банди “г” - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |